ҲИСОБОТИ СИФЛАТАБЪҲО ОИД БА ЯК ГИРДИҲАМОӢ

Бешубҳа, дар хориҷи кишвар фаъолият намудани ТТЭ ҲНИ аз сарчашмаҳои давлатҳои хориҷӣ аст, ки ба хотири пиёда намудани сиёсати худ даст ба чунин амали зишт мезананд. Аз тариқи расонаҳои хабарӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ пайдо намудем, ки мухолифини кишвар бо роҳбарӣ ва ниқоби «Паймони миллии Тоҷикистон» мардуми ранги худашон хаёнаткору инсонҳои роҳгумзада ва тоҷикони муқимии дар манотиқи Аврупо зиндагӣ намудаистодаро дар таърихи рўзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ба гирдиҳамоии тоҷикон даъват намуда истодаанд.

То ҷое, аз ахбори пешкаш намудаашон воқиф гаштем, гирдиҳамоии тоҷикон бо ширкати Кабирӣ аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ дар Берлин, пойтахти Олмон, рўбарўи Бундестаг — парлумони Олмон бургузор гардидааст. Кабирӣ баён медорад, ки садои он тазоҳуротгарон бояд ба гўши мардуми олам расонида шуда бошад. Кабирӣ садо баланд мекунад, ки “дар зиндонҳои кишвар беш аз 200 нафар бидуни далел зиндониёни сиёсӣ гардидаанд”.

Оғои Кабирӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ва додгоҳ дорад ва он зиндониёне, ки шумо “бегуноҳ” номида истодаед, аз тарафи суд ба зиндон кашида шудаанд. Чаро онҳо бе гуноҳ будаанд? Магар бар зидди давлат ва Ҳукумат фитна ангехтан, нафареро “дар роҳи ислом” қурбонӣ кардан, “бо номи ислом” сухан кардаву ноболиғону ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намудан бегуноҳист? Пас ҳама “бегуноҳон”-ро авф намоему дубора Тоҷикистонро сарнагун созем? Ҳаргиз!!!!!!…

Агар ба аксу навори он тазаҳурот нигоҳ андозед огоҳ мегардед, ки он ҷо ҳамагӣ 30-40 нафар тоҷикон ва чанде тамошобинон дар гирдиҳамоӣ иштирок карданду халос! Ҳол он ки агар ин тазаҳуротро бо номи томаш гирдиҳамоӣ гўем, пас он чӣ Кабирӣ ва хоҷагонаш нигарон будаанд, барбод рафт, зеро иқдоми зиддимиллии онҳо аз тарафи тоҷикони дар Аврупо муқимӣ гашта ва муҳоҷирони меҳнатӣ дастгирӣ наёфтааст.

Темур Варқӣ, узви Шўрои Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва Шўрои сиёсии Паймони миллии Тоҷикистон низ дар он гирдиҳамоӣ суханронӣ намуда, иброз доштааст, ки “таъқиби саросарии мухолифон ва бастани роҳи гуфтугўӣ сиёсӣ дар Тоҷикистон боис шудааст, ки ҷавонони зиёде даст ба ифротгароӣ зананд ва ба гурўҳҳои ифротӣ дар кишварҳои ҷангзада пайвананд”. Суханони ин “ватанпараст” то куҷо рост бошад, ки ин тазаҳуроту гирдиҳамоӣ аз ҷониби худи наҳзатиён дастгирӣ наёфтаасту ҷавонони дар кишвар буда, онро ҷонибдорӣ намоянд. Ва ба гурўҳҳои ифротгаро ҳамон нафар роҳгумзадагоне, ки берун аз кишваранд дохил мешаванду ҷавонони дар кишвар буда, шукргузорӣ ба ободиву озодии халқу миллат мекунанд.

Баргузории ин гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон, ки бо ҷалби хешу ақрабои мухолифин (маълум гашт, ки замоне гирдиҳамоӣ аз тарафи муҳоҷирони дар Аврупо зиндагӣ карда истода дастгирӣ наёфт, мухолифин маҷбур гардидаанд бо оилаҳои худ ба он тазоҳурот ширкат варзанд) ва шахсони ноогоҳ (тамошобинон, ки аслан тоҷик нестанд) аз асли воқеа сурат гирифт, баръало маълум аст, ки ин ҳисоботи навбатии молиявии Кабирӣ дар назди хоҷагони хориҷиаш буд. Агар ба дигар гирдиҳамоиҳо назар афканем карру фари зиёде дораду бо ташкилиҳои дигар сурат мегирад. Аз аксу навори ин гирдиҳамоӣ аён гардидааст, ки он сарсарӣ асту “камбағалона”!!! ва боз Кабириву лагандбардоронаш мехоҳанд, ки “садои дили онҳоро” мардуми олам бишнавад. Ҳой гумроҳон, мардуми кишвар ва олам, дар сар чашми ақл доранд ва дида истодаанд, ки давлату миллат дар ободиву озодӣ рўз аз рўз тараққӣ дорад ва пеш рафта истодааст ва намегузорад, ки ин ободиву озодӣ сарнагун гардад. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, ҳама гуна таблиғоти шумо барин “беватанон”-ро ҷавонони саодатманду ватандўсти кишвар маҳкум менамоянд ва таъкид менамоянд, ки “ободиву озодии кишвар онҳоро хуш асту доимо паёрави Пешвои муаззами миллат ҳастанд!”.

 

 

                                                                       М.Почоев, омузгори кафедраи геология ва кор бо нафту гази ДКМТ