ҲИМОЯТ АЗ ИФРОТГАРОӢ ҲИМОЯТ АЗ ТЕРРОРИЗМ АСТ

Чандест, ки дар ҷомеаи маҷозӣ ва махсусан дар сомонаҳои марбут ба Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ташкилоти террористӣ-экстремистии “Гурӯҳи 24” хабарҳои бардурӯғ ва ифротӣ роҷеъ ба боздошти журналисти ифротгаро ва аз пайравони ҳамешагии наҳазатиёни палид Далер Шарифов нашр мешавад, ки ягонтояш асосӣ воқеӣ надорад ва бештар аз ин тарғибгари ғояҳои ифротӣ ҳамчун як журналист ном мебаранд, ки бисёр ҳам нохушоянд мебошад.

Зеро ҳамин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки журналист вақте бар хилофи қонунгузории амалкунандаи кишвар фаъолият бурд вай дигар журналист нест. Дуюм Далер Шарифов меъёрҳои ахлоқии журналистикаро вайрон кардааст ва ба тарғиби ақидаҳои ифротгароёна пардохтааст, ки ин дар ягон ҷойи дунё дида намешавад ва бар хилофи принсипҳои демократӣ мебошад.

Пас чаро мо бояд ӯро ҳамчун журналист ном барем, дар ҳоле, ки ин нафар аз пешаи журналистика истифода намуда, андешаҳои террористон ва махсусан ғояҳои сарварони созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин”-ро  тарғибу ташвиқ мекунад?!

Алабатта, барои наҳзатиёни палид ва дигар душманони миллати тоҷик ин амал ягон қонунвайронкунӣ нест, вале барои як ҷомеаи демократӣ ва соҳибихтиёр ин химёнат ва паст намудани шаъну шарафи журналистон аст. Зеро дар ҳеҷ куҷое дунё, ҳатто дар демократитарин кишвари дунё Амрико иҷоза дода нашудааст, ки журналист бо истифода аз озодиҳои мавҷуд андешаву ғояҳои ифротиро тарғиб кунад ва мардумро ба гумроҳӣ барад.  Ин амал хилофи ҳамаи меъёрҳои ахлоқиии байналмилалист.

Дар ин ҳол чӣ гуна озодӣ саркуб мешавад, вақте ки як нафар ифротгаро аз тарғиби идеяҳои террористиву экстремистӣ боздошта мешавад???

Оё ин ки наҳзатиёни палид даъвои озодӣ мекунанд, чаро худашон озодона хоҷагони хориҷияшонро барои кирдорҳои зиддиинсонияшон маҳкум намекунанд ва ё дар борааш ягон матлаб наменависанд???

Ҳол он ки Далер Шарифов аз мавқеи ҳамин наҳзатиёни террорист ҳимоя намуда, бештар аз содагиву гумроҳии мардум истифода карда, андешаҳои ифротгароёнаро тарғиб кардааст, ки ин хиёнат ба пеша ва хиёнат ба миллат аст.

Чаро мо бояд аз як хиёнаткор чеҳра бисозем, вақте ки номи пуршарафи журналистикаро доғдор кардааст???

Оё онҳое, ки аз Далер Шарифов ҳимоят мекунанд, фикр намекунанд, ки имрӯз қаноташон шикаст ва розҳои пинҳонашон ошкор шуд?!

Тибқи маълумотҳои ба даст омада, Далер Шарифов бештар бо наҳзатиёни палид алоқа намуда, барномаҳои онҳоро дар кишвар амалӣ менамудааст ва ҳоло ин ки ӯ боздошт шуд, ба пусти наҳзатиён кайк даромад ва онҳо дигар худро акнун ба сад дар мезананд, то асрорашон фош нашавад.

А. Умарҷонов

омӯзгори ДКМТ