Ба хотири ҳимояи марзу буми кишвар имрӯз ҳазорҳо ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд. Ҳар кадоми онҳо ворисони қаҳрамонҳои достони Абулқосими Фирдавсӣ мебошанд, ки ба сар андешаи Ватанпарварӣ доранд.
Адабиёти форсӣ дар осмони фарҳанги ҷаҳонӣ ба сони хуршед аст ва кам халқеву миллатеро дар рубъи маскун метавон пайдо намуд, ки ба торикистон зиндагии эшон фурӯғи ҷовидонаи ин хуршед натобида бошад.
Ва ин адабиётест басо гаронарзиш ба эътибори ғоя, бадеият ва фарогирии мазмунҳои умумибашарӣ, ки намояндагонаш дар радифи сухансароёни ҷаҳон инсонҳоро аз зулмати ҷаҳолат ба рӯшанистон ва ҷовидон роҳ намудаанд, бо бедор кардани мағзҳои хуфта ва овардани маҳшар бар ҷонҳои мурда. Аз ин рӯ рисолати паёмбарӣ доранд. Ҳақ бар ҷониби Иқболи Лоҳурист он ҷо, ки мегӯяд:
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ низ аз он сухангустарони бузурги ҷаҳон ва аз он сафирони хуршед аст, ки зиёда аз ҳазор сол боз барои мо “ҳама з-офтоб мегӯяд”, аз тариқи “Шоҳнома”-и безаволаш, ки худ онро кохи бегазанд хондаасту бузургони давру замон нахустҳамосаи гаронқадри миллиаш донистаанд. Ба дурустӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамосаи миллии мост ва ё ба ибораи Пури Довуд — донишманди фақид “Шоҳнома” гӯё ғурури миллӣ ва барангезандаи меҳри меҳании мост. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки муҳимтарин дарсе, ки мо аз “Шоҳнома” мегирем, дарси ватандорӣ аст. Мавзӯи ватан ва ватандорӣ дар тамоми достонҳои “Шоҳнома” ба назар мерасад. Мафҳуми Миҳан, чун каломи муқаддас дар гӯши мо садо медиҳад. Фирдавсӣ боифтихор аз таърихи Меҳани муқаддас ва фарҳанги сутурги он сухан мегӯяд. Сухан гуфтан аз таърихи куҳан, рӯ овардан ба фарҳанги пешин ва арҷ гузоштану “зинда кардани” он худ бозгӯест аз ишқи сӯзони Фирдавсӣ ба ватани хеш, ки ин ишқи сӯзонро ӯ аз тариқи “Шоҳнома” баён мекунад. éъне, “Шоҳнома” моломоли ғояи ватанпарварист. Андешаи ватанпарварӣ меҳвари ин асари безавол аст. Шояд пурсида шавад, ки чаро Фирдавсӣ рӯй ба ин мавзӯъ оварда? Чаро меҳангароӣ ғояи асосии “Шоҳнома” қарор гирфта? Барои посух додан ба ин пурсишҳо мебояд ба рӯзгори Фирдавсӣ бингарем ва бубинем, ки “Шоҳнома” дар чӣ замоне навишта шудааст. Дуруст аст, ки андешаи ватанпарастии Фирдавсӣ аз ҳаводиси рӯзгори ӯ об мехӯрад. Он чӣ дар “Шоҳнома” гуфта тавъам ба воқеаҳои замонаш будааст.
Замоне, ки тақозо дошт ҳушмандон аз фарҳанги ниёгон пуштибонӣ кунанд, шаҳомати онро нишон диҳанд ва эмин доранд. Ин аст, ки Фирдавсии ҳушманд ин рисолати бузургро бар ӯҳда гирифт. Дигар ин шоҳкории адабии ҷаҳонӣ, ин ҳамосаи миллӣ дар замоне навишта шуд, ки сиёҳабрҳои нопокиза рӯшаносмони зебои давлати аҳуроӣ ва миллии Сомониёнро тира намуд. Фирдавсии покзод пайдо шудани тираабрҳоро дар осмони ин сарзамини муқаддас фоли бад донист ва бонги ожир зад ҳаммеҳанонро, ки:
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Ва ҳамагонро ба муттаҳид шудан дар атрофи амирони Сомонӣ ва ҳимояи покбуми аҷдодӣ даъват намуд ва аз забони қаҳрамононаш нидо дардод, ки:
Ҳамон, к-аз ин гуна созем банд,
Зи душман ба Эрон наёяд газанд.
Вале бадманишони аҳриманкеш бо марказгурезии худ ба вуруди чодарнишинони бадкуниш ба марзи “Эрони боофарин” созгорӣ карданд, ки он аҳримансириштон шоҳсутуни давлати Сомониёнро бишкастанду бинои адлбунёди онро аз ҳам бипошиданд. Шоири меҳанпараст ашк дар чашм бо дард мегӯяд:
Ҳама марзи Эрон пур аз душман аст,
Ба ҳар дудае мотаму шеван аст.
Чӣ бояд кард? “Ҳама марзи Эрони боофарин” вайрон мегардад. Муқаддаскутуби ниёгон ва зебошаҳрҳои фирдавссон зери суми аспҳои тирамағзони саҳроӣ яксон ба хок мешаванд. Фирдавсӣ бо Фаридунҳо, Коваҳо, Манучеҳрҳо, Рустамҳо, Сиёвушҳо ва садҳо меҳанпарастони бошараф ба ҳимояи ватан ва муқаддасоти он ба ҳифзи хонумон ва номуси хеш бармехезад:
Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Аммо, мутаассифона гетӣ ба коми душманон гашт, “тахти Сомониён вожгун ва бахти Ғазнавиёну Қарахониҳо ҳумоюн шуд”: Давлати миллии тоҷикон аз воқеият ба сафҳаи таърих кӯчид. Шоири ватандӯст аз пора шудани Эрон — он сарзамини поки ниёгон афсӯс мехӯрад, ки нишастангаҳи шаҳриёрон”
Кунун ҷои сахтиву ҷои балост,
Нишастангаҳи тезчанг аждаҳост.
Ин садои дардолуди Фирдавсӣ ҳушдорест ба мо имрӯзиён, аз қаъри асрҳо, ки ҳам ба ибораи Рӯдакӣ — дигар аз ҷонсӯхтагони миҳану миллат, “зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирем” ва дар баробари сарнавишти ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, мардум, фарҳанг, забон ва анъанаҳои он бепарво набошем. Ба қадри истиқлоли он бирасем.
Неъмати шариф будани сулҳу ваҳдатро касе инкор намекунад, ба ҷуз душманони миллат ки дар ниқоби “ҳомии ҳуқуқи инсон” ба арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ соя меафкананд.
Аммо насли имрӯза ба мисли солҳои 90 фиребхурда нест. Ин насли аз нигоҳи фарҳанги сулҳпарварӣ обутоб ёфта мебошад.
М. Нурматова, омузгори ДКМТ