ҲИЛЛАИ ҲНИ ДАР АВРУПО

Имрузҳо пайравони ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом дар хориҷи кишвар бо ақидаҳои ботили худ мехоҳанд боз тухми кинаву адоватро кишта ноил ба мақсадҳои нопоки худ шаванд.

  Аслан гирем, дини мубини ислом ниёзе ба ҳизбу сиёсат надорад. Афсус, ин зархаридон номи дини мубини исломро паст намуда бо ақидаҳои муғризонаи худ суханпардозӣ менамоянд.

    Шукргузорӣ аз дастовардҳои Истиқлолият намуда ба тадбирҳои андешидаи Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳайё намудани шароитҳои озодии динӣ аҳсант мехонем.  Аммо ин ҳама пешравиҳо сулҳу суботро хоинони миллат каҷ фаҳмида, нодида гирифтан  мехоҳанд. Ба ҳар усул ва ақидаҳои ҷавононро вайрон менамоянд. Ба ҷои дар диёр як гӯшаи онро обод намудан, баръакс дар ватани бегона истода ба сари миллати куҳанбунёди мо сангпартоӣ менамоянд. Мо ҷавонон фирефтаи  ин дасисабозиҳо нахоҳем гардид. Ҳама вақт зиракии сиёсиро аз даст надода дар ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор мешавем.

Нагузорем ин душманони миллат хоинон, ватанфурушон амнияти моро вайрон намоянд.

Баҳром Абдуллозода,

сардори бахши рушди касбияти ДКМТ