Воқеан аҷиб аст, вақет мефамҳем, ки ин бор ҳам кадом барномаи хориҷӣ ё кадом донишгоҳ ба террористи наҳзатӣ минбар додааст. Инсон ба ҳайрат меояд, ки ин минбардиҳандагон чӣ нияту мақсад доранд?
Ҳоло дар бораи нияту мақсади онҳо андеша рондан ё худ чизе гуфтан каме барвақт аст, аммо дар бораи ҳиллагари наҳзатӣ, авбош ва хоини бадкеш М. Кабирӣ метавон хулосаи амиқ баровард. Чунки ин террористи наҳзатӣ мақсаду маромаш дар арсаи байналмилалӣ коста гардонидани обрӯву мақоми миллати тоҷик мебошад. Борҳо шудааст, ки ин хоини миллат, душмани башарият бар алайҳи миллати тоҷик баромад намуда, кӯшиш мекунад, то бар нафъи хоҷагони хориҷияш душманони миллати тоҷик амал кунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол мардуми шарафманди миллати тоҷик дар интихоботи президентӣ ширкат меварзанд ва албатта душманони миллати тоҷик мехоҳанд, то ҳамин ҳолати орому босуботи ҷомеаро халалдор намуда, бар алайҳи миллат тавтеаву дасисабозӣ кунанд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо наҳзатиёни ҷинояткор ва террорист дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурда, ҳамарӯза талош мекунанд, то мардумро гумроҳ созанд. Он ҳама навишта ва бофтаҳои наҳзатиён ягон воқеият надошта, танҳо барои бавуҷуд овардани яъсу ноумедӣ ва халалдор намудани ҳаёти осоиштаи ҷомеа ба роҳ монда шудааст. Душманони миллати тоҷик дар ҳама давру замон кӯшиш мекарданд, то миллати тоҷикро аз роҳ зананд ва ҳамин аст, ки имрӯз барои ин кор як гурӯҳ кӯрнамакон ва хоинони наҳзатӣ сафарбар гардидаанд.
Мо, аз таърих хуб медонем, ки наҳзатиёни манфур ва касиф ба хотири аз байн бурдани имконият ва шароити хуби зиндагонӣ як маротиба кишварро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду чӣ қадар хисороту зиён оварданд ва ин бор ҳам мехоҳанд ҳамин усулро дубора ба кор баранд ва аз ин бояд миллат дар эҳтиёт бошад. Зеро душман ҳамеша дар пайи хиёнат асту ҳар лаҳзаву ҳар соният пайт меҷӯяд ва ҷомеаи Тоҷикистон, ки аллакай як маротиба аз дасти бадкешони наҳзатӣ гирифтор ба мушкилоти зиёд шуд ва ҳатто анқариб давлату мустақилияташро аз даст дод, бояд ҳамеша ҳушёр бошад.
Душманони миллат як маротиба аллакай аз боварҳои мардум истифода намуда, кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданду мамлакатро аз лиҳози иқтисодӣ ба даҳсолаҳо ақиб занониданд ва мо аз ин чиз бояд панд гирем. Имрӯз, ки М. Кабирӣ ҳамчун ҷосус ва гумошта дар хориҷ аз кишвар барои коста гардонидани мақоми давлат ва миллати тоҷик талош мекунад, бояд, ки маҳв карда шавад ва ин чиз албатта вазифаи ҳар фарди ватандӯст ва миллатдӯсту бонангу номус мебошад.
Хулоса кардан мумкин аст, ки ин дафъа низ ҳиллагари наҳзатӣ М. Кабирии террорист даст ба ҳиллаву найранг задаву боз дурӯғу сафсатаҳояшро афзун гардонидааст, ки ин бисёр ҳам хиёнати вазнин мебошаду бояд ин хоини наҳзатӣ бар ҳама ҷиноятҳояш посух бидиҳад ва ин суханронии иғвобарангезонааш дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон низ истисно нест.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ