Такроран хотирнишон месозам, ки барои чунин хоинон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад.
“Дигар ин, ки мардуми мо таърихи бостониву пурифтихор, фарҳанги қадима, забони ширину шоирона, расму ойинҳои ҳазорсола ва мазҳаби худро доранд, ба онҳо арҷ мегузоранд ва онҳоро дӯст медоранд.
Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд.
Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем.
Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад.”
Суханронии Пешвои муаззами миллат дар Рузи Дониш ин суханонро таъкид намудаанд, ки моро боз ба фатҳи қуллаҳои дониш раҳнамун месозад.
М. Мирзоахмедов,
Омузгори ДКМТ