Баёни андеша дар мавриди ҷудоиандозие, ки масири рӯзгор моро ба вуқуъ мепайвандад, дар ҷодаҳои зиндагӣ моро гиреҳҳои чигиле метанад, ки расидан ба ҳадафҳои созандаро халал ворид месозад. Ҳамин гуна ақидаҳои ифротие, ки ҷомеаи Тоҷикистонро кӯшиш мекунад ба ноамнӣ дучор кунад, ҳизби дар Тоҷикистон мамнўъи наҳзати ислом аст, ки ба номи пуршарафи ислом низ иснод овард. Аъзоёни аршади ин ҳизб ба мисли раиси кўтаҳандешу хоини миллат М.Кабирӣ, ки дар Аврупо маскан гирифтаву ҳама дастоварду бурдборӣ ва муваффақияту пешравии Тоҷикистонро нодида мегирад ва бо ҳаргуна ҳарзагўии худ, мехоҳад таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ва аъзоёни аблаҳаш ҷалб намояд. Аммо ин худситоиву ҳарзагўии ўро на касе ба инобат мегирад ва на мардуми сарбаланди Тоҷикистон қабул доранд. Мо мардуми мусулмонем, ҳеҷ эҳтиёҷ ба ҳизби ислом надорем. Ин хоинони миллат номи ҳизби худро тағйир дода гўё бо номи Паймони миллӣ гумон доранд доғҳои бадномӣ аз рўяшон зудуда мегардад. Бояд фаромўш накард, ки рўбоҳ агар ба майдон дар ниқоби шер ворид шавад ҳам ҳамон рўбоҳ аст.
Мо мардуми сулҳхоҳем. Мо, ин сулҳу субот ва осудагиву амнияте, ки дар кишварамон пойдор аст, ба осонӣ ба даст наовардаем. Таъкид менамоем, ки ақидаҳои ифротии аъзоёни ҳизби террористии наҳзатро дар ягон маврид қабул надорем. Мо бар зидди ин ақидаҳои ифротӣ то ҷон дар рамақ дорем мубориза мебарем.
Ба аъзоёни ин ҳизби мамнуъ дар кишвар муроҷиат карданиям, ки ҳайфи пораи ноне, ки аз гандуми ин замин рўидаву шумои кўчаку аблаҳро ин гуна бузург кардааст, ҳайфи он қатраи обе, ки вуҷуди нопоки шуморо шодоб намудааст, ҳайфи он заҳматҳои муаллиме, бо хуни дил ҳарфу ҳиҷоятон омўхт. Кўрнамакҳо. Чӣ қадар хуни мардуми бечораву камбағалро рехтед, хонаҳояшонро замони ҷанги шаҳрвандӣ оташ задед, духтару занҳои оҷизро таҷовуз кардед, тамоми боигарии давлатро торумор кардаву бо падарандарҳои хориҷиятон ба яғмо бурдед, оё боре фикр накардед, ки модаратон тоҷик аст. Шумо фикр накунед, ки дар либоси ороставу пероста дар мизҳои нарми гурезагиатон нишаставу мардумро ба хунхорӣ ва ифротгароӣ даъват мекунеду мардум аз паи шумо мераванд, не ҳаргиз мо ба сухани аблаҳон, хоинон, оқипадарон гўш намекунем, ҳатто писанд ҳам намекунем. Ин рафтори шумо аз чорчўбаи инсонӣ ба куллӣ берун аст. Мо сухани шумо, рафтору кирдори Шуморо маҳкум мекунем.
Мо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунем, Пешвои миллати худро дўст медорем. Ватан барои мо муқаддас аст. Ватани мо ин модари мост.
Оқилзода О.
устоди ДКМТ