ҲИЗБИ НЕҲЗАТИ ИСЛОМӢ БАЁНГАРИ НАҚШАҲОИ ДАВЛАТИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ВАТАНИ ХУД

Дар тули салтанати даҳсолаҳои Ҳукумати Шӯравӣ, ки мардуми Осиёи Миёна пайвастаи он ба ҳисоб мерафтанд, дарвозаҳои оҳанини равобити иқтисодию сиёсисию фарҳангию ва ғайраи ин мамолик ба кишварҳои Шарқи исломӣ дар ҳолати маҳдудӣ қарор доштанд. Ҳамоно фишору таъсири идеологияи коммунистии зидди динӣ аз як тараф, вуҷуд надоштани равобити бевосита ба мамолики Шарқи исломӣ аз тарафи дигар ба мардуми шӯравии Осиёи Миёна имконият намедоданд, ки дар зери фишори идеологияи  рӯҳонии исломӣ бештар қарор дошта бошанд. Агар чанде, ки соли 1979 дар кишвари Эрон “Инқилоби исломӣ” воқеъ гардидаю сиёсати давлатдории он ба дасти рӯҳониён интиқол ёфта бошад ҳам, дар ҳаёти идеологии мардуми Осиёи Миёна таъсири ба ташвишоваранда дарк карда намешуд. Онгоҳ дар худи Эрон ҳама дастгоҳи сиёсию идеологӣ ба дасти рӯҳониён гузаштаю соҳибқудрат шуда буданд . Соли 1980 рӯҳониёни Эрон як ҳизби мазҳабии бо ном “Ҳизбуллоҳ”-ро таъсис доданд, ки дар қасди он  ҳизби мардумии коммунистӣ, “Туда”-и  Эронро аз фаъолият маҳрум намуда, ӯро маҳкум карданд.

Акнун пешвои рӯҳонии “Инқилоби Исломӣ” Оятулло Ҳумайнӣ нақшае тарҳ дода буд, ки тибқи он боисте дар тамоми ҷаҳон ғалабаи пурраи “Инқилоби Исломӣ”-ро тарғиб намоянд. Пешвои “Инқилоби Исломӣ”-и Эрон Иттиҳоди Шӯравиро давлати атеистӣ гӯфта, онро душмани ислом ва Эрон меҳисобид. Ва тариқи таъсис додани радиошунавониҳои пуриқтидору дигар васоили ахбори ҷаҳонӣ ба мусулмонони сокини Осиёи Миёна “марому  моҳияти” инқилоби исломиашонро маънидод карда, онҳоро водор месохтанд, ки дар зиндагии ҳамарӯзаашон бояд мутобиқи нишондодҳои қуръону шариат амал карда ба ҳар гуна фармоишоту амри зидди динӣ таъзим наёранд.

Ин навъи тарғиботи мазҳабгароии Эрони Исломӣ дар солҳои сиёсати демократикунонию ошкорбаёнии Горбачовӣ аз нимаи дуюми солҳои 80-уми садаи ХХ ба гӯши мусулмонони сокини Осиёи Миёна минҷумла Тоҷикистони Шӯравӣ ба фароғат мерасиданд. Акнун чаламуллою нимчамуллоҳо аз асли тарғиботи исломиҳои Эрон баҳра бурда, ба дастпармоғӣ суроғи роҳи ошубандозӣ дар ватани худ шурӯъ намуданд. Таъсири ҳамин гуна паёмҳои илоҳии ҳомиёни Эрони исломӣ буд, ки балегӯҳояшон дар моҳи феврали соли 1990 вазну қудрати худашонро ба санҷиш андохта, бар зидди ҳукумати қонунии коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сар боло карданд. Ин воқеъотро баъдан таҷрибаи “Ҳодисаҳои баҳманмоҳ” номида, дастовезони ҳумайнигаро  аз пайи таъсис додани ҳизби неҳзати исломи Тоҷикистон гаштанд.

Аввал онҳо ба зумраи равшанфикрону зиёиёни кишвар созиш баста, як ҳизби демократиеро таъсис доданд, ки асли сутуни фуқароташ аз ҳомиёни исломигаро иборат буд.  Каме баъд пас аз таҳлили авзоъи сиёсию бардориши вақт он ҳамҳизбиёни демократро тарк карданд. Яъне онҳо ба нақшаашон дуруст наомада, худ ба офаридани як  ҳизби аз дахолатҳо озодро оғоз карданд, ки тамоми сохтори он такросохти “Ҳизбуллоҳ”-и Эрон ва низоми давлатдории ҶИЭ ба ҳисоб мерафт. Аз минбари тазоҳиротҳою гирдиҳамоиҳо баромад карда, ҳомиёни Ҳизби навтаъсисёфтаи Неҳзати исломи Тоҷикистон мардумро ба сохтани давлати нави исломии навъи давлати исломии Эрон даъват мекарданд. Ба ватани мо “Инқилоби  Исломӣ” лозим меояд гӯён даъвоҳои инқилобӣ мекарданд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳияи динӣ ва сатҳи диндории мардуми Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба таври оммавию ҳашар, “Хайрия”-и давлатмандони саховатманд” сохтмону ороиши масҷидҳо ба маротиб афзоиш ёфтанд, ки макону минбари тарғибу ташвиқотҳои давлати исломӣ васеъ гардид. Ҳатто зумраи муайяни авратони Тоҷикистонӣ ба пушидани сару руй ва албасаи сиёҳи шиагароӣ ихтиёр карданд. Баъзе Ҳомиёни Суннимазҳаби Тоҷикистон ба ёди дашти “Карбало” ва рӯзи “Ошурои шиамазҳабон” майл пайдо карданд, ки чунин рафтор бар хилофи мазҳаби суннитаборон, мазҳаби Ҳанафия муқобил меояд.

Мероси таърии ибтидои қарни ХХ роҳбарии давлати исломии Эронро ба сабақ оварда, ишонро водор сохт, ки боз ба андешаҳои панисломистӣ баргашта ҳамаи кишварҳои мусулмониро дар атрофи худ доир сохта,  мақоми марказшитоби бонуфузи исломиро ба даст орад. Роҳи ҷалб кардани ин мамолик аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро даставвал дар бунёд намудани равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли онҳо ҷуста, ҳамвора таъсири идеалогиашро фаро карда, ҳам назорати худро ба фаъолияти ҲНИ таъмин намояд. Чунки ба давлати дорои конститутсияи дунявӣ дошта корҳои идеалогии динӣ-исломиро анҷом додан, амри маҳол буд. Биноъан тавассути ба роҳмонии муносиботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  корҳои тарғиботии идеологиро дар нақшаи ҲНИ ворид намуда таъсири худашонро ворид кардан роҳи ҳалли масъла гардид.  Инҳо, ҳама дар нақшаҳои геополитикии давлати исломии Эрон дохил шуда, чанги аввалашон ба ҷумҳурии ҳамзабони худ Тоҷикистон ғӯта хурд. Оре, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба мароми демократикунонию ҳуқуқбунёдии кишвараш ба мавҷудияту фаъолияти сиёсии ҲНИТ  иҷозат дода буд. Ин ҳизб як олоти муҳими тарғиботи  дастовардҳои давлати исломии Эрон дар ҶТ гардида, тавассути матбуоти худ идеяҳои тарҳкардаи Теҳроншаҳрро дар ҶТ паҳн менамуд. Онҳо аз рузҳои аввали таъсисёбиашон коммунистону муаллимони Шӯравиро таҳдид мекарданд, ки мо низ давлати исломиро таъсис дода,  ҷазои аттеистии шуморо муайян менамоем. Онҳо ҶИЭ-ро ҳамчун намунаи оқили давлатдорӣ дар ҷаҳони ислом тарғиб мекарданд. Ба ин аъмоли худ роҳбарони ҲНИТ мусулмониро дар ватани худ аз суннимазҳабӣ ба шиагароӣ баргардониданӣ мешаванд, ки яке аз сабабҳои ҷанги бемаънии бародаркуши солҳои 90-уми қарни ХХ ба ҳисоб мерафт.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли муддавоми мавҷудияти дини Ислом ҳеҷ гоҳ тамоили суннигароӣ ба раванди шиагароӣ дар ҳалли масъалаи имомату хилофат созиш накардаанд. Низоъҳои мазҳабӣ аз замони салтанати Абӯбакри Сиддиқ бо Алӣ ибни Абӯтолиб оғоз ёфта, то ба имрӯз созишро дар мавзӯъи имомату хилофат дарёфт накардаанд. Таври мисол ҷангҳои доманадори байни Темурид Бобур Мирзо ва лашкари Шайбониҳоро оварда метавонем. Бобур Мирзо, ки ба тамоили шиагароӣ даровардани аҳолии Мовароуннаҳрро ба Сафавиёни Эрон ӯҳдадор шуда буд,  аз ӯҳдаи он баромада натавонист, зеро аз тарафи аҳолии аҳли тасаннӯъ дастгирӣ наёфта такроран аз Шайбониён ба шикаст мунҷар гардида рӯ ба тарки хоки Мовароуннаҳр андохт.

Мардуми ҶТ, ки имрӯз зиёда аз 97 фисади он мусулмонони аҳли тасаннуъ мебошанд, бо роҳҳои фиребу зӯроварӣ баргардонидани онҳо бо тамоили ташшайюъ амри маҳол аст. Такрор менамоем, ки дар ҳалли масъалаи шинохти исломӣ ва яккахудоӣ байни фирқаҳои муттафовут суннӣ ва шиъа зиддияти антагонистӣ вуҷуд надорад. Ҳар ду равия якка ва ягонагии холиқи халқкунанда Аллоҳ, расули ӯ Муҳаммад (с) ва Қуръону суннати пайғамбари худоро бо эътимод қоил буда, фақат дар мавриди интихоб ё таъиноти халифаи баъдӣ (баъди марги Муҳаммад (с) – М.Д) баҳси оштинопазир вуҷуд доштаасту халос. Тарафдорони Абӯбакри Сиддиқ Умару Усмон бар он буданд, ки халифаи баъди пас аз марги пайғамбар бояд тариқи раъйдиҳӣ интихоб гардад. Вале тарафдорони Алӣ ибни Абӯтолиб тарафдори тариқи меросона гузаштани хилофат ба шахси арзандаю донишманд ва дорои нури илоҳӣ будаанд. Аз ин лиҳоз ба сари хилофат омадани Абӯбакру ворисони ӯ аз нигоҳи Алӣ ва ёронаш  хилофи фармудаи расули Худост. Ба гуфтаи онҳо Имом шахси бегуноҳу пок ва рӯҳонияти илоҳӣ дошта роҳбари давлати исломӣ шуда метавонад. Имоми илоҳӣ набояд бо иродаи бандагон интихоб гардад. Вай бояд дар худ нури илоҳиро дошта бошад ва  мегуфтанд ки ин нур фақат дар чеҳраи Алӣ ҳувайдосту танҳо тавассути Алӣ ба имомати баъди интиқол мегардад. Яъне ҳокимият аз як Имом ба Имоми дигар интиқол меёбад. Ин вазъ баёнгари он аст, ки заминаи асосии пайдоиши ихтилофоти фирқгузорӣ дар ислом ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоиро доро будааст, ки дар хоки худи Арабҳо ва аз тарафи худи онҳо ба сабзиш расидааст. Дар замони салтанати Умари Рошиддин сиёсати истилогаронаи арабҳо нисбати халқҳои дар тасарруфашон буда ба маротиб афзудааст. Форстаборон, ки ба шиканҷаи сахти арабҳо дучор шуда буданд барои раҳо ёфтан аз он фишорҳо ва ба дастовардани истиқлолияти миллӣ дар тамоми сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр парчами Шуубияро бардошта, бартарии тамаддуни аҷдодони хешро дар гузашти айём собит мекарданд. Ва арабҳои шиагаро, ки бар хилофи фирқаи роҳбарикунандаи суннимазҳабон дар роҳи мубориза қарор доштанд ба равияи шуубизм балегӯ гаштанд, то он ки дар роҳи муборизаи зидди суннимазҳабон то ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ тарафдор дошта бошанд.

Шиагароӣ дар асрҳои миёна ҳангоми салтанати Сафавиёни Эрон ҳамчун дини шинохташуда ва расмии Эрониён гардид ва аз ҳамон вақт ба баъд Эрон ба ин мазҳаб дар қарор омад. Дар замони муосир баъди ғалаби “Инқилоби Исломӣ” аз соли 1979 мазҳаби шиагароӣ ҳамчун идеалогияи давлатии кишвари Эрон ба ҳисоб меравад ва ҳама анвоъи талошҳои сиёсатмадорони кунунии Эрон ба тариқи шиагароӣ сурат мегиранд, ки роҳбарони ҲНИ гирифтори он гаштаанд. Дар сурати ба дасти онҳо гузаштани ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон тамоми 97% -и аҳолии суннигаро дар зулолати онҳо хоҳад монд. Дар он сурат куштору муҳоҷиршавию  ҳабсгардию беватанмонии тоҷикон мисли Эрониҳои ба ин навъ гирифторшуда баробар мешуд. Зеро исломгароёни Эрон вазифаи ниҳоии “Инқилоби Исломӣ”-ро дар маҳв кардани дигар ҳукуматҳое,  мебошанд, ки на фақат дар муқобили Ислом қарор доранд (ғайриисломианд- М.Д) балки, ба талаботи Консепсияи Инқилоби Исломии шиагароӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар мафҳуми ин гуна шиагароён Тоҷикистони дорои ҷанбаи дунявӣ низ ҷой дорад. Оре, ҳама давлатҳои дорои хусусияти дунявӣ дар фаҳмиши онҳо як падидаи бехудоӣ- аттеистӣ шинохта мешавад.

Чӣ тавре дар боло қайд карда будем, мутобиқи Конститутсияи худ ҳукумати Тоҷикистон худро давлати коммунистӣ ва ё аттеистӣ эълон накарда, мутобиқи соҳибистиқлолию демократиаш ба мардум ҳуқуқи озодии виҷдонро эълон кардааст. Яъне давлатро дунявӣ номидааст. Ин ҳамон маъниро доро мебошад, ки ҳар касе дар тобеияти ин давлат зиндагӣ дорад, дар интихоби дину эътиқодаш озоду соҳибихтиёр аст. Вай метавонад ба кадом дину мазҳабе ихлос дошта бошад итоату ибодат кунад, фақат бо ҳамон шарте ки ба корҳои сиёсию давлатдорӣ дахолат надошта бошад.

Мутобиқи ҳамин эъломия ва ба хотири он, ки аксари  ағлаби мардуми Тоҷикистон эътиқодманди дини мубораки ислому пайравони Имоми Аъзам дар фирқаи суннигароӣ қарор доранд, иҷозат ба мавҷудияти ҳизби динӣ бо номи “Ҳизби Неҳзати Исломи Тоҷикистон” дода шуд. Мутаасифона роҳбарони ҳизби мазҳабӣ дар пайравӣ бо фармудаҳои ҳомиёни хориҷияшон ба корҳои сиёсию давлатдории ватанашон дастдарозӣ кардаанд, ки оқибат ба ҳалномаи ҳукми мамнунияти судӣ расиданд. Қобил ба такрор аст, ки кишвари мо дар аксари ағлаб дорои тобеини мусулмону исломи пок мебошанд. Мутобиқи эъломияи дунявӣ ҳамаи онҳо озодона пайрави ақоиди Имоми Аъзам буда, тамоми шартҳои шариати Исломиро адо ва иҷро менамоянд. Далели ин гуфтаҳо дар он тасдиқанд, ки дар ин кишвар садҳо масҷиди ҷомеъа ва дар назди ҳар кадоми онҳо таълимгоҳҳои ибтидоӣ-динӣ вуҷуд доранд, ки майлдорони дониши динӣ дар он ҷо саводи комил пайдо менамоянд. Дар Ҷумҳурӣ донишкадаи олии динӣ вуҷуд дорад, ки ҳазорҳо доништалабони динӣ машғули таҳсиланд. Дар ҷумҳурӣ раёсати муфтиёт амал мекунад, ки тамоми масъалаҳои шаръиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳалномаи худашро ироа менамояд. Дини мубораки ислом дар ҶТ бо арзи эҳтироми мардум қобили амал дорад. Ҳамасола мардуми сокини ҶТ моҳи табаррук, Шарифи Рамазонро ба арзи хушнудӣ истиқбол намуда посдорӣ менамоянд. Ҳамасола ҳазорҳо нафарон аз ин кишвар ба зиёрати Каъбаи Маккатулло бо нияти ҳаҷ кардани гаҳвораи дини мубини Ислом ба Арабистони Саъудӣ мераванд, ки дар иҷроиши ҳамаи он корҳои хайри шаръӣ давлати ҶТ мададгор аст. Давлати ҶТ ҳеҷ гоҳ дар муқобили дини мубини Ислом истодагарӣ накарда, баръакс аз худои офарандагор оромӣ, ободӣ, беҳбудӣ ва осоиштагии халқи худро дар равнди глобалии олам таманно дорад, ки ба аттеизму бехудоӣ бадном кардани давлатии дунявӣ ҶТ аз тарафи ҳаммазҳабони исломии Эрон ягон асос надорад.    

     Аммо сиёсати дурбинона ва оқилонаи сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон натиҷаеро ба даст овард, ки дар ин авохир муносиботи сиёсии ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътадил гашта, новобаста ба баъзе нофаҳмиҳо муносиботи ду халқи бо ҳам наздик идома ёфтааст. Исботи онро мо дар мулоқоти президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар оғози саммити сарони давлатҳои аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барпо шударо мебинем. Умедвори он ҳастем, ки дар ояндаи баъдӣ робитаҳои иқтисодию сиёсию фарҳангию ва ғайра чун пештара барқарор гардида дӯстии аҷдодии ин ду форсизабонон тақвият меёбад.

                          Доктори илмҳои таърих, профессор Давлатов М.