ҲИБЗИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ – ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТӢ

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин, хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад.

        Айни замон, ТТЭ ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш дар се самт амал дорад: пеш аз хама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким мндиҳанд, дар васоити ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунад ва ба террористону таҳрибкорон таълимӣ ҷангӣ меомӯзонад.

        Пас аз манъи фаъолияти ТТЭ  ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ ва аврупо фирор карданд. Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва маблағгузорӣ менамояд, ки ин бисёр ҳам хатарнок аст.

        Қаламравӣ мамлакатҳои будбоши онҳо ба сифати минбари минбари ташвиқот ва майдони ҷанги иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ  беш аз 3 миллион доллар ҷудо намуданд. Ин маблағҳои ҳангуфт барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизб истифода мешуданд.

        Барои пинҳон намудани ақидаҳои ҷиноии онҳо, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун “пардаи дунявӣ” Иттиҳоди миллӣ таъсис дод, ки фаъолияти он низ дар    Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

        Дар қатори дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби ҷавононро ба сафи худ идома медиҳад, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад. Имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ, боз дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, чун ҲНИ мавҷуданд, ки ҳадафи асосии ҳамлаи онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

        Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи қатъии ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ – экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза  алайҳи терроризм метезонад. Ҳамзамон , ин яке аз омиҳои асосии таъмини амнияту субот дар минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад буд.

Ҳошимов Х.Ғ.

мутахассиси БИСТ