ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХ ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

Ин рӯзҳо филми ҳуҷҷатие дар шабакаҳои телевизион ба намоиш гузошта шуд, ки воқеан ҳам барои шинохт ва огоҳ шудан аз бозиҳо ва маккориҳои душманони миллат як маводи хубу сабақомӯзест. Филми “Хиёнат” аз 3 қисмат иборат буда, дар бораи сарвари хиёнаткорони наҳзатӣ ва дигар душманони миллати тоҷик, ки зери парчами ТТЭ ҲНИ ҷамъ омадаанд қисса мекунад, аниқтараш парда аз чеҳраи шағолони хиёнаткорони наҳзатӣ мебардорад.

Филм шояд зарбаи бузург барои душманони наҳзатӣ ва барҳам задани нақшаҳои бузургашон бошад, зеро бюори аввал аст, ки буду набуди наҳзатиён, кӣ ва чӣ будани роҳбари онҳо аз ҷониби афроди наздик ва шоҳиди ҳодиса бепарда бар бинанда гуфта шудааст, ки аз як ҷиҳат ин филмномаро метавон як ҳуҷҷати таърихӣ низ номид.

Аз дидани филмнома кас ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр ба ном “миллатдӯстон”-у “ватандӯстон” миллатро ғорат кардаанд?

Ҳатто ин тоифаи бадкеши наҳзатӣ ақрабои  худро низ ғорат намудаанд, ки ин бисёр ҳам аз пастфитратӣ ва ҷоҳпарастиву хешпарварии наҳзатиён ва махсусан роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирии палид шаҳодат медиҳад. Дуздидану ғорат кардан, фиреб додан бисёр ҳам амали нописанд аст, ки ҳатто бар ақрабои худ, хешовандони худаш, ҳамдеҳагонаҳ роҳбари наҳзатиёни фашист Кабирии малъун раво дидааст, ки аз ҳаромзодагиву пастниҳодӣ ва дилҳаромиву молпарастиву хасисияш шаҳодат медиҳад. Наход инсон ақрабои худро ғорат кунад?

Пас Кабирии террорист чӣ хел метавонад ғамхори миллат мебошад, вақте ки як ғоратгар ва авбош аст?

Инро дар филми мазкур хешовандон ва наздиконаш, пайравони ҳизбаш тасдиқ карданд ва албатта бо овардани мисолҳо аз рафтору амал ва дуздиву ғоратгариҳояш, ки дигар шакку шубҳае барои шинохти ин авбоши наҳзатӣ боқӣ намондааст.

Дар ҷойи дигари ин филмнома аз  омодагиҳои Кабирии палид барои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкориҳояш бо созмонҳои террористӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам инсонро дар тааҷҷуб мегузорад, ки як авбош ва террорист барои аз байн бурдани давлати тоҷикон чӣ хел талошҳое накардааст. Ҳақиқати ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш дар ин филмнома бараъло фош карда шудааст, ки ин бисёр маводи хуб дар шароити кунунӣ мебошад. Зеро феълан наҳзатиён ва аксари он ғораткарони калон дар кишварҳои Аврупо ба сар бурда аз ҳамон ҷо бо фармони хоҷагони хориҷияшон бар алайҳи миллат мубориза мебаранд ва талош мекунанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд ва мақсадҳои нопоки хешро амалӣ созанд, ки ин як хиёнати бузург мебошад.

Маълум аст, ки наҳзатиёни палид ва авбош ҳамеша дар пайи фиреб ва ғорати мардум буданд ва то ба имрӯз дар ин масъала шикояте бисёре аз мардум низ ҳаст, ки аз номардиву разолат ва ҷаҳолати наҳзатиён қисса мекунад. Аммо ин ки имрӯзҳо роҳбари наҳзатиёни палид ва манфур худро як фариштаи пок мегирифт, маълум гардид, ки дар асл як шағоли дузду рӯбоҳи маккорест, ки нақшбозӣ менамояд.

Ифшои ҳақиқат барои шинохти чеҳраҳои манфури наҳзатиён, ки имрғзҳо худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ луб-луч карда ба намоиш гузоштаанд, як саҳифаи нав барои шинохти ҳақиқат ва дарки ҳолат мебошад. Яъне ҳолате, ки имрӯз наҳзатиён доранд воқеан ҳам ҳолати ногуфтанист, зеро онҳо ғуломи зархариданд ва агар бара алайҳи миллати тоҷик  мубориза набаранд, бояд ҳоҷатхонаи хоҷагони хориҷияшонро ба забон пок кунанд. Ин аст, ҳақиқати наҳзат ва наҳзатиёни фиребкору ғоратгар ва авбош.

Ш. Насриддинов

омӯзгори ДКМТ