Ҳашари умумӣ дар донишкада баргузор гардид

Дирӯз, санаи 30.05.21 бо супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҳамаи омӯзгорону кормандони донишкада ба шенбегии умумӣ фаро гирифта шуданд.

Омӯзгорон сараввал атрофи бино, саҳни бинои донишкадаро аз партовҳои зиёдатӣ пок намуда, сипас ҳавлии Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстонро тоза намуданд.

Ҳамчунин, як қисме аз омӯзгорон аз хиёбони марказӣ шурӯъ намуда, то ба атрофи фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто деворҳои хонаҳоро рангу намуданд. 

Аз ҷониби бахши хоҷагӣ ба як қатор сокинони пиронсоли шаҳри Бӯстон баҳри ободу зебо гардонидани атрофи манзиди истиқоматӣ ва боғот кӯмак расонида шуд.

 

Шуъбаи иттилоот