Бо ташаббуси мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи донишкада дотсент Хайриҷон Ҷӯраева ва аҳли устодон дар остонаи Рузи Артиши миллӣ барои донишҷуён туҳфаи ҷолибе омода гардид. Он ҳам мулоқоти муфид бо иштироки сарбозону афсарони қушунҳои десантии шаҳри Бустон буд, ки басо пурмазмун доир гардид.
Манзура Саъдуллоева, муовини ректор оид ба тарбия баён доштанд, ки дар тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон баргузории чунин мулоқотҳо басо нафъ мебахшад. Онҳоро ба роҳи садоқат ба Ватан ҳидоят мекунад.
Воқеан, ҳам дар донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ки аксарият писарон мехонанд, мулоқот бо хизматчиёни Артиши миллӣ онҳоро ба хизмати ҳарбӣ дилгарм мекунад.
Шуъбаи иттилоотии ДКМТ