ҲАР КӢ ФАРҲОДСИФАТ ҶАВҲАРИ МАРДӢ ДОРАД

Камоли ифтихор аст, ки дар ҳамаи самтҳо Тоҷикистони азизи мо бо музаффариятҳои тоза мушарраф гардида, сӯи қуллаҳои навин меравад. Таҳкими равобити бисёрҷониба бо кишварҳои олам дар ҳошияи дарҳои кушод, тақвият ва рушди истеҳсолоти Ватанӣ, расидан ба ҳалафҳои стратегӣ, ба монанди истиқлолият энергетикӣ, ифтитоҳу ободонии шабакаҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва роҳу нақлиёт, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ , эътибори беандоза ба таълиму тарбия ва пажуҳиш дар бахши илмҳои бунёдӣ аз таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари Давлатамон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бешубҳа, дар пояи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ мо соҳибватанон, махсусан ҷавонон муваззафанд, ки ҳарчӣ бештар омӯзанд. Дар ҷодаи таҳқиқи илмӣ, ихтироот ва навоварӣ, иктишоф ва коркарди захираҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва санъат, эҳтироми арзишҳои волои башарӣ намунаи ибрат бошанд. Маҳз мутахассиси асил ва соҳибтахссус матавонад дар пешрафти самтҳои стратегии рушди кишварамон , ки аз ҳидоятхои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд саҳми босазо гузоранд. Яке  аз иқдомҳои наҷиби кишварамон соли ҷорӣ эълон гардидани соли рушди ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм мебошад. дар ин ҷода Тоҷткистони азизи мо ба дастоварҳои назарас низ ноил гардид.

Авзои  сиёсии муосир тақозо менамояд, ки ҷавонон дар баробари омӯзиши илму ҳунар аз падидаҳои номатлуби равади ҷаҳони имрӯза огоҳ буда, волоияти қонун ва манфиатҳои миллии кишварамонро ҳимоя намоянд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам ҷараёни номатлуби «фирори мағзҳо», ки аз нобасомониҳои дохилии ибтидои солҳои 90-ми қарни гузашта оғоз гардида буд, идома дорад. Новобаста аз баъзе ноҷуриҳои муваққатии иҷтимоии мавҷуда ҳар як мутахассиси кордонро мебояд дар эъмори давлати мутамаддини хеш ҳиссагузор бошад. Зеро ба ҷуз мо каси дигар Ватани моро обод карда наметавонад.

Ҳар боре ба остонаи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон гом мениҳам, нигоҳам ба пайкараи Фарҳоди куҳкан меафтаду байти Соибро зери лаб замзама мекунам:

Ҳар кӣ фарҳодсифат ҷавҳари мардӣ дорад,

Тешаро бар сари худ боли ҳумо медонад.

                                                                     Бахтиёр Саидов, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмии ДКМТ