ҲАР КӢ ПО КАҶ МЕГУЗОРАД, ХУНИ ДИЛ МО МЕХӮРЕМ …

Имрӯзҳо ҷомеаи  ҷаҳониро чун вабои аср амалҳои терористию экстрэмистӣ ба ларза овардааст. Ин сабаб гардидааст, ки тероризм ва гурӯҳу  ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои олам гардидааст.

    Аз ин рӯзҳо ҳар насли имрӯз, ки соҳиби ақли солиму хиради воло аст,  зарур аст, ки  нисбат ба ин амалҳои номатлуб борикбинона изҳори ақида ва эҳсоси назар намуда, бетарафиро зоҳир  нанамояд. Зеро ин вабои аср ҷомеаи имрӯзро чун тори анкабут печидааст.

Назари мо нисбати ақидаи Сайидюнуси Истаравшанӣ он аст, ки  кишвари мо давлати демократӣ ва дунявӣ буда, нисбати рӯҳониён фишоре ба чашм намерасад. Ин гуна ашхос метавонад мардумро бо суханҳои фитнаангези хеш бар зидди сиёсати пешгирифтаи давлат низое ба миён оварад. Лекин онҳо бидонанд , ки мафкураи маруми имруза,  мардуми солҳои 90-ум нестанд.

Имруз мардум дар кишвар озодона ҳукуки таҳсил, сухан, кору фаъолият намуданро дорад, суханҳои иғвоангезона наметавонад боиси норозигӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатгардад.

 Мисоли аз инҳо фаъолияти ҳизби мамнӯъгашта ТЭТ  ҲНИ  мебошад. Бо баробари фаъолияти ғайриқонунӣ доштан, ки дар охир чун парда аз ниқоби аъзоён, риёсат, роҳбарони ҳизб бардошта шуд, таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизбу гурӯҳи, манфиатхоҳ танҳо бо истифодаи мафҳуми Исломи пок мехостанд нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

     Яке аз поягузорон, иштирокчиёни фаъоли ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки ибтидои солҳои 90-уми садаи бистум ҷомеаи тоҷикони соҳибистиқлолро фаро гирифта буд, ин таъсис ва фаъолияти ғайри қонунии  ТЭТ ҲНИ буд. Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтибои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёсӣ  аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо манфиатхоҳи мақсади нопоки худ буд. Сарвари  ин ҳизб дар охир бо сарварии  Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирори ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз ҷойҳо ҳам ором наистода мехоҳад ба амну осоштагии мо монеа эҷод кунад. Албатта, ҳамаи ин “ҷонибҳо”-и вай ин хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехостанд бо пардохти маблағҳои ҳангхудаст  сулҳи  моро халалдор намоянд. Ин буд, ки бо супоришу маблағгузориҳои ин гурӯҳи “манфиатхоҳон”, аз ҷумла аз ҷониби Эрони Исломи чеҳраҳои шинохтаи илму маърифати мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуда буданд, ба мисли О. Латифӣ, Исҳоқӣ, М. Ғуломов ва даҳҳои дигар. Инҷо суоле ба миён меояд,  онҳо чӣ мехостанд? Бигзор ба ин савол  аъзоёни собиқ ҳизби  ТЭТ ҲНИ ва роҳбари собиқи он чун М. Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд.

Рӯирост ба аҳли мардуми тоҷик ,тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд… Зеро амалҳояшон ғайриқонунӣ буд ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд.

Аз ин рӯ,  мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аҳли исломем, 99% аҳолии моро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳамеша чун таблиғгари исломи ноб бошем. Зеро, Ислом чун дини пок тараннумгари ростиву накӯкорӣ, инсондӯстиву муҳаббат, хайру садақа ва меҳанпарастӣ аст. Дини Ислом  қатлу куштор, бӯҳтону тӯҳмат, кинаву адолат, ғоратгариву тухми низоъро коштанро макум менамояд.

Нигини Ёқут

омӯзгори ДКМТ