ҲАР КӢ ЛОФ АЗ ЗӮРИ БОЗУ МЕЗАНАД…

Дар ҳошияи муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат «МИЛЛАТ БОЯД ЗЕРИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУТТАҲИД ШАВАД!»

 

     Ба андешаи мо, аҳли зиё муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат басо саривақтӣ ва муҳим мебошад. Чунки авзои мусулмонони оламро ба риштаи таҳлил кашидааст : “ Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месӯзад, назар намуда, аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардӯши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят карда ва  Китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ намудааст”.

      Фазои мамлакатро имрӯз корҳои созандагию ободкорӣ фаро гирифтааст. Ҳар як шаҳрванди мамлакат ба умеди афрӯхтани шӯълаи зиндагӣ талош мекунад ва дар таҳкими истиқлолият саҳмгузорӣ мекунад. Муттаҳидии одамон эҳсос карда мешавад: ” Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи мӯътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам  аст,  таҷдиди назар  намоянд.  Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чӣ дар масири таърих ва чӣ имрӯз дар шароити муосир  қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намоянд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст,  асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд.  Ислом ва бузургии ӯ дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.

Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.”

Зимнан, гиромидошти дини мубини ислом дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шуддаст, ки гувоҳи ин таҷлили ду иди мусулмонӣ Рамазон ва Қурбон бо рӯзи истироҳат мебошад. Давлат бо назардошти он ки аксари сокинонаш пайрави дини мубини исломанд, барояшон барои тоату ибодат дари масҷидҳоро дар дурдаасттарин деҳаҳои куҳистон во намуд. Дар пойтахти мамлакат Донишкадаи исломӣ аҳкоми шариатро таълим медиҳад. Ҳамчунин бо ибтикори Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид дар Осиёи марказӣ барои ибодати мардум сохта шуда истодааст.

Тадриҷан марҳилаҳои таърихии паҳн шудани дини ислом паси сар мешавад. Ин нукта дар муроҷиати Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба ходимони дини мамлакат  чунин ифода ёфтааст, ки “ Аз ин нуқтаи назар агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул кардаанд, назар кунем, дар нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб, хусусан тоҷикон хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит (р) аз ҳама бештар ба назар мерасанд.

Дар ибтидои асри  дуюми ҳиҷрӣ (асри ҳаштуми мелодӣ) баъди вафоти Пайғамбар алайҳис-салом асосан фатвои шаръӣ на ба тариқи хаттӣ, балки аз ҷониби соҳибфатвоҳо шифоҳӣ содир карда мешуд.

Соҳибфатвоҳо дар масъалаҳои зиёд ба дигар миллату қавмҳои ғайри миллати араб монеагиҳоро пайдо карда буданд, аз ҷумла мегуфтанд, ки Қуръонро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе, ки фаҳмидани маънои онро хоҳад, бояд забони арабиро омӯзад, шарҳу таъвили Қуръон фақат бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад, ҳеҷ олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковат ва маърифати худ маънои онро баён кунад ва инчунин то асри тадвин, яъне асри саввуми ҳиҷрӣ иҷозат намедоданд, ки ҳадисҳои Пайғамбар алайҳис-салом навишта шаванд ва чунин масъалаҳои мубрам зиёд буданд.”

Дар такя ба рисолаҳои илмии тафсири аҳкоми шариати исломӣ  Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода гиромидошти арзишҳои миллиро таъкид менамояд “  Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ  ҳар вақте ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи «Қиёс»масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳо, яъне масъалаи миллиро ҳамаҷониба ҳал менамуданд.

Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани «Урф» анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросимҳои миллиро бо баёни он ки инҳо хилофи шариат нестанд, иҷозат фармуда, роҳи миллати моро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд.

Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нестанд ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз дошта, бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.”

Дини исломро чун силоҳи зидди арзишҳои миллӣ истифода бурдан камоли бемаърифатӣ нисбат ба Ватани худ мебошад. Тухми тарс пошидан ба қалби мардум ба зӯрии бозуи худ аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ ба сари худ санг задан аст. Шоири машҳури форсизабони Ҳиндустон Фонии Кашмирӣ мефармояд:

Ҳар кӣ лоф аз зӯри бозу мезанад,

Санг бар сар чун тарозу мезанад.

Аз ин хотир, асоро ба рӯшноӣ зада, маърифати сиёсиро бояд такмил дод. Дар чорроҳаи ҳангомасозӣ аз пайравони наҳзати исломӣ бояд зиракиро аз даст надод. Хоса, ходимони дин, ки аксар мусулмонон ба онҳо эътиқоди комил доранд ва дар маъракаҳо болонишин мекунанд. Тавре дар муроҷиатномаи Сархатиби вилояти Суғд ишора шудааст “  Мо бояд донем, ки миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кард, фарзандони ин миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом Ал-Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси Кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузошта, муваффақ ҳам шуданд. Барои ҳамин ҳам ман ҳамчун як фарзанди миллат, як ходими дин нооромиҳои олам ва хусусан аз дини ислом суиистифодаро дида бо ҳисси масъулият ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва хусусан ба ходимони дини кишвар муроҷиат менамоям, ки дин имрӯз ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро баҷо биёрад. Мо, ходимони дин дар пайравии ин бузургони миллат бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон миллати мо зери парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои  Пешвои миллат  бирасем, ҳамаи мо таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.”

  Таъкид менамоям, ки вусъати андешаи миллӣ ва гиромидошти рӯҳи бузургони миллат боиси саодати рӯзгор мешавад, ки асосашро садоқат ба Ватан ташкил медиҳад.

    Мо, ҳамаи табақаҳои ҷомеа кӯшиш ба он равона созем, ки дастовардҳои даврони истиқлолият ва ваҳдати миллиро пос дошта,   ҷавононро дар руҳияи ватандустӣ , меҳанпарастӣ ,  гиромидошти арзишҳои миллӣ , дур шудан аз фарҳанги бегона ва пешгирии онҳо ба шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ тарбия намоем.

 

Мухтор Фозилзода,

Ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон