Ҳамчун, омӯзгорон ба сокинони кишвар, алалхусус ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳам диққати онҳоро ба муҳимтарин масоил, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоям.Чи хеле, ки маълум аст ба ҷомеаи кушоди мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар ҷомеаи инсонӣ имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Воқеан, терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.
Тибқи маълумоти коршиносони боэътимод имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки ҳамасола дар арсаи терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф карда мешавад. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.
Он ҳизбҳои таҳрибкор ва анҷуманҳои навтаъсис, ки худро гӯё “адолатпарвар”-у “наҷобахши миллат” меҳисобанд хуб мешуд андеша кунанд… Онҳо кистанд? ва кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонанд. Ба ғайр аз хоҷиҳои ҳориҷиашон боз кадом ашхосон онҳоро мешиносанд?! Бо ибораи дигар иброз мекунем, ки онҳо доир ба дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аз суханҳои шахсиятҳои барӯманди давлатҳои абаркудрати зикршуда, ки хело бо смимияти афзун нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор додаанд, бояд хулосаи зарурӣ бароварданашон ҳатмӣ аст! Набояд корашон кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ бошад.
Итминон дорам, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Облоқулов В.
омӯзгори ДКМТ