ҲАР АЙБ КИ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ

Баъди пошхурии Иттиҳоди шуравӣ ва аз байн рафтани идеологияи ҳизби ҳукмрони коммунистӣ ходимони дин ва пайравони ҳизби наҳзати ислом сар бардошта, ҷомеаро аз нав ба вартаи мазҳабӣ кашиданд. Сафи ришу фашдорҳо ва занони сатрпуш афзоиш ёфту миқдори масоҷид дар ҳар кучаю паскуча ба маротиб зиёд гардид. Бадтар он аст, ки наврасону ҷавононро ба мактабҳои ғайрирасмии динӣ ҳидоят намуда, тафаккури онҳоро ба дину мазҳаб пур карданд.

Ҳол он ки  Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода мегуяд: “МАФКУРАИ ДИНӢ МАФКУРАИ УМУМИҲАТМӢ НЕСТ”  ва масҷид ҷои насиҳат аст, на сиёсат.

Аммо пайравони ТТЭ ҲНИ шуруъ аз соли 1992 масоҷиди Тоҷикистон ба анбори силоҳ табдил доданду зидди нафарони солимандеш “ҷиҳод” эълон намуда, пайваста ҷорӣ намудани низоми ҷумҳурии исломиро талқин мекунанд. Ҳамин бегонаситезӣ ба дину мазҳаби бегона буд, ки имруз садҳо занону мардони Тоҷикистон дар маҳбаси Ироқу Сурия қарор гирифтаанду фарзандони онҳо ба ҳидояти пешвои миллат ба Ватан баргардонида шуда, зери ҳимоя қарор гирифта шуд.

Аммо саркардаи ТТЭ ҲНИ ҳамоно нағмаи куҳна сароида аз поймолшавии ҳуқуқи диндорон дар Конфронси ҳуқуқи инсони Женева ҷор мезанад. Аммо мавриди ахлоқи коҳиш ҷомеаи мазҳабии ҷавонон ва ба доми фиреб гирифтани онон ба лаб муҳри хамушӣ мезанад.

Дар ҳоле ки масҷид ба ҷояш асту ибодаткунандаҳо пайи адои фарзҳои шариат ҳастанд, боз аз кадом поймолшавии ҳуқуқи инсон ҳарф занем?

 Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»  даҳ сол гузашт. Ин қонун, ки соли 2009, дар Соли Имоми Аъзам ба майдон омада буд, тавонист дар ҷомеаи мо барои беҳдошти вазъи дин ва муносибат бо он нақши мусбат бозад. Чунончи, дар моддаи 1-и қонуни мазкур омадааст, ки «он муносибатҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии вичдон  ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд».

Зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба таърих ва моҳияти ин санади муҳим ибрози назар намуд.

 

«Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии олам маҳз аз бетанзимии муносибати инсонҳо ба дин ва давлат сар мезанад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи номбурда баъди соҳиб шудан ба истиқлолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд ва дар натиҷа дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқӣ заминаҳои воқеӣ эҷод шуданд», — зикр намуд ӯ.

Коршиноси соҳа, дотсент Саидумрон Саидзода менависад, ки “ Воқеан таъсири мутақобилаи се падида, яъне дин, давлат ва ҷамъият яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар баробари он  таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Қонуни мазкур дар ин самт нақши бориз дорад. Агар ба таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик назар намоем, мебинем, ки чӣ дар аҳди Тоҳириёну Сомониён ва чӣ дар давраи ҳукумати сулолаҳои баъдӣ ҳокимияти давлатӣ кӯшиш мекард, ки бо ҳар роҳу усулҳои имконпазир дар ҷамъият вазъи таъсиру нуфузи диниро муътадил ва бо як маром нигаҳ доранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав рӯи кор оянд. Ин амал ба хотири тинҷиву осоиштагӣ, оромии ҷомеа ва пеш гирифтани тундбоди ҳаводиси таърих буд. Ҳақиқат ин ҷост ва далели андешаҳои мо, интишори китоби «Ассавод-ул-аъзам» бо дастуру супориши махсуси Амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби фақеҳон ва илоҳиётшиносони маҳаллӣ мебошад. Яъне барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои марбут ба муносибати дин,  таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа масоили нав набуда, дар замони муосир дар шакли нав арзи ҳастӣ намудаанд.”

Аз ин хотир, ба сиёсат ва ҳуқуқи инсон омехтани арзишҳои динӣ аз ҳангоматалабии мухолифин дарак медиҳад.

Ба қавле:

 

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост

 

М. Мирзоахмедов, дотсенти ДКМТ