“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз ҳар як фарди бонангу номус намехоҳад, ки ба мардуми Тоҷикистон осебе расад, пас он чиро, ки боиси вайрониҳо ва харобкориҳо мегардад, ҳар чӣ зудтар аз байн бубарем. Дар баъзе аз қисматҳои Тоҷикистон одатҳо ва аъмоли бади иҷтимоӣ ҳастанд, ба монанди терроризму экстремизм, коштани маводи нашъаовар, хариду фурўш ва ё истеъмоли он, даст задан ба дигар корҳои номатлуб шуда истодааст, ки ин гуна корҳо ё одатҳо метавонанд фақат зарари бардавом ба ҳаёти халқи тоҷик ворид кунанд. Вақте ки мо ба ҳам дар роҳи зиёд намудани ҳосилнокии заминҳои кор мекунем, бад-ин васила таҳкурсии асосиеро ба наслҳои оянда месозем, то онҳо битавонанд дар заминаи он ба зиндагии худ идома диҳанд. Ҳамзамон бо ин мо бояд наслҳои ояндаро барои зиндагии оянда омода кунем. Даврони баъдӣ аз дунёи имрӯз фарқ хоҳад кард. Фарзандони мо ба поя ва асоси донише, ки ба равишҳои зиндагии онҳо мутобиқат намоянд, эьҳиёҷ хоҳанд дошт, то онҳо аз вақти худ пурсамар истифода намоянд. Барои ин соҳаҳои нави дониш лозиманд. Мо набояд аз дигаргунии муҳити атрофамон дар тарсу ҳарос биафтем, балки бояд худ ва фарзандонамро биомўзем, то онҳо дигаргуниҳоеро, ки рух медиҳанд, дарк кунанд ва худро барои он комилан омода намоянд ва ин тағйиротро ба нафъи худ, ба нафъи мардуме, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекунанд ва ба нафъи насли оянда истифода намоянд. Ҳар як шахс бояд бо истифода ба ақл ва донишаш худро ба тағйирот омода намояд. Ҳамчунон дигар тазаккур менамоям, ки ин вақт барои Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад, чунки зарур аст, то сулҳ ҳама вақт дар Тоҷикистони азизамон бошад, то ҳама битавонанд дар як ҷомеаи маданӣ зиндагӣ кунанд. Ба ҳар як шахс зарур аст, ки тамоми умр ҳамвора донишро фаро гирад ва дониши ҳамеша афзояндаро ба нафъи ҷамоат ва дигарон ба кор барад. Дастрасӣ ба илм ва дониш муҳим аст, ҷавонон бояд, дар ҳаёт ҳеҷ фурсатеро баҳри такмили истеъдоди худ аз даст надиҳанд, зеро ки онҳо дар даврони таҳсилоти худ тасмимоте хоҳанд гирифт, бигзор ин тасмимот оқилона ва огоҳона бошад ва ниёзи солҳо ва ояндаро дарк намоянд. Агар имкони идомаи таҳсил дошта бошанд, онро аз даст надиҳанд ва мунтазам дониш биомўзанд. Агар фурсате дошта бошанд, ин фурсатро бесамар аз даст надода, онро баҳри рушду камолоти шахсии худ истифода намоянд. Маънии таҳсили мунтазам бо истифода аз имконоти мавҷуда ояндаи худ ва хонаводаи худро таъмин кардан аст.
Имрӯз ба дӯши донишомӯзони кишварамон як масъулият аст, бояд ки онҳо худро барои оянда омода созанд, то бад-он васила дар оянда барои пешрафти кишвари худ ва ҷамоати худ ёрӣ расонанд, ки барои ҳамаи фарзандон имкон ва шароити таҳсил муяссар нест ва онҳое, ки хушбахтона имконоти таҳсил доранд , бояд аз ин истифода кунанд. Тамоми донишҷуёни мо аз солҳои таҳсил дар омӯзишгоҳ, дар донишгоҳ ё дар донишкада ҳарчи бештару пурсамартар баҳра бардоранд.
Ҳар яке аз ҷавонони мо бояд ба хотир дошта бошад, ки ин барои онҳо муносибтарин замонест, то худро баҳри хидмат ба ҷамоати худ, ба хонаводаи худ ва ба кишвари худ дар оянда омода кунанд. Бояд ьар як шахс нияти шогирди беҳтарини он мактаб ё он донишгоь шуданро дошта бошад. Чун ҷаҳон кӯчактар мешавад, пас зарур аст, ки мардумон байни худ ҳамкорӣ кунанд, на ин ки хилофи якдигар кор кунанд, одатҳо аз як қита ба як қитаи дигар интиқол меёбанд ва мо бояд дар пешомадьои зиндагӣ бо якдигар ьамкорц кунем, ба якдигар наздик шавем ва касоне, ки аз байни мардум р=згори хуш доранд, ба касоне, ки м=ьтожи кӯмак ьастанд, ёрц кунанд, касоне, ки миёни мардум тажрибаи кор доранд ва муваффаыият ба даст овардаанд, бояд дар рифоиятьои жамоат ширкат ҷӯянд ва аз дониш ва таҷрибае, ки ба даст овардаанд, тамоми жамоатро баьравар созанд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем аз мушкилиҳо худро ва фарзандони худро наҷот диҳем. Вале баъзе афроди аз илму фарҳангши хираду фаросати инсонӣ бехабар ин шаъну нуфузи миллати тамаддунофари бостониро доғдор карданӣ шуда ба ҳаракатҳои ифротгароиву экстремистӣ ҳамроҳ гардида ҷони худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Мо бояд дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзонаи миллат муттаҳид бошему бо гуфтаҳои ӯ амал намоем ва ояндаи Ватани биҳиштосои худро боз ҳам зеботар гардонем. Аммо афсӯс имрӯз баъзе аз шаҳрвандони мо ба пастию баландии зиндагӣ сабру тоқат накарда ба корҳои номатлуб даст мезананд. Зиндагии ҳар як шахс ба худи ӯ вобаста аст, бояд ба ҳеҷ гуна душворӣ нигоҳ накарда, ҳунар омӯзад ва пешаи худро интихоб карда, ҳар лаҳзаи ҳаёташро баҳри касби пуршарафи худ дареѓ надошта меҳнат кунад. Агар кас пешаи дуруст интихоб карда меҳнат кунад, ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ран¿ро низ аз сари худ дур карда метавонад. Сарбаландии ҳар як шахс натиҷаи меҳнату машаққати ӯст. Баҳри ҳар як ободӣ ва бурдбории зиёд меҳнати ҳалол бояд кард. Ҳар як шахс бояд аз ҳар як лаҳзаи умри самаранок истифода барад, ба неъматҳои додаи Худованд шукргузор бошад.
Умри инсон қимат аст, афсӯс дар бозор нест,
Бесамар бурдан варо дар зиндагӣ душвор нест.
Дар табиат фаслҳо такрор ёбанд аз дигар,
Лек умри рафтаро дар зиндагӣ такрор нест.
Умри барои инсон танҳо як бор муяссар мегардад. Пайдост, ки дар олам касе ҷовид нест. Инсон вуҷуди миранда аст. Аммо кори неку амали хуш ҷовидонист. Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон хушию сурур, рузгори осоишта ва хони обод меорад. Ифтихори бузург танҳо аз ҳунари воло ва касби пуршараф ба даст меояд.
Имруз, ки Пешвои миллат ба қувваи бузурги халқи созандаашон ва хиради азалиашон итминони комил доранд, ҷавобан ба чунин ғамхориҳои беканори Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳар яки мо – давомдиҳандагони кору пайкори Пешвои муазамми кишвар ваъда медихем, ки дар шукуфоии Ватан, хифзи арзишхои милли саҳмгузор гардида, вориси арзандаи Пешвои муазамми хеш хохем гардид.
Силмонова Сурма Исломбековна,
Сарлаборанти кафедраи забони давлатӣ ва
забонҳои хориҷии ДКМТ