Дар асоси дастури сардори раёсати таълими донишкада имрӯз донишҷӯёни курси 3 ихтисоси тоза кардани канданиҳои фоиданок ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва татбиқ намудани илм дар истеҳсолот аз корхонаи бузурги кишварамон Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой дидан намуда, аз ҷумла бо технологияи истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва мис аз фабрикаи ғанигардонӣ аз наздик шинос шуданд. Дар рафти экскурсияи таълимӣ шиносоӣ аз тарафи мутахассисони баландмалакаи корхона ва роҳбарияти корхонаи номбурда дар оғоз сӯҳбати ҷолиб гузаронида шуда, баъдан аз фабрикаи ғанигардонӣ боздид карда шуд. Бояд қайд намуд ки донишҷӯён дониши дар рафти машғулиятҳои назариявӣ аз худ намудаашонро дар истеҳсолот дида завқи соҳавии худро боз ҳам равнақ бахшиданд.
Дар ин сафар донишҷӯёнро мутахассиси раёсати таълим Маҳмудов Ҳасанбой Аҳмадҷонович ва ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Бадалов Ҷамолиддин Нуриддинович ҳамроҳӣ намуданд.