Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ҳамоиш нахуст Саидов Анвар суханронӣ намуда, суханро ба ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд. Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар суханронии худ аз дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ғамхории Пешвои миллат барои ҷавонон хеле зиёд аст ва ҷавонон бояд талош намоянд, то донишҳои замони муосирро аз худ намуда, барои миллату Ватан содиқона хизмат кунанд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷавононро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, бар онон муваффақиятҳо таманно намуданд.Сипас, сардори шуъбаи кор бо варзиши Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Суғд Давронзода Дилшод баромад намуда, ҷавононро ба аз номи Раёсат табрик намуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиши имрӯза омӯзгори донишкада Раҳимов Ҳаётқул ва донишҷӯ Примзода Ҳ. суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипоснома тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони донишкада ташкил шуда буд ва ҳафтаи ҷавонон ҳоло идома дорад.
Шуъбаи иттилоот