ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ДКМТ: ПАЁМ- РОҲНАМОИ ҲАЁТИ БОСАОДАТИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи ” Паём- роҳнамои ҳаёти босаодати миллат” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, намояндаи Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Неъматзода Ромиш ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки ҳар сол Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки ҳадаф ва мақсади он амалӣ намудани нақшаҳои бузурги стратегӣ, ояндабинии масоили муҳими иҷтимоӣ ва банақшагузории як қатор масъалаҳои нав барои рушди кишвар мебошад. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масоили муҳим ва зарурӣ таваҷҷуҳ намуда, оид ба масъалаи рушди иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи хидматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тараққӣ додани «иқтисоди сабз», истифодаи «энергияи сабз», технологияҳои муосир дар истеҳсолот, захираҳои сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, баланд бардоштани музди маош, баланд бардоштани сифати таълим, додани имтиёзҳо ба ҷомеа ва ғайра сухан ронда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон мавсуф илова намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бештар барои рушди ҷомеа ва гулгуншукуфоии Тоҷикистон сухан ронданду миллатро ба роҳи саодатмандӣ роҳнамоӣ карданд ва ин бахти бузурги миллати тоҷик мебошад.
Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар суханронӣ карда, таъкид намуд, ки ин аввалин чорабинии сатҳи баланд дар шаҳри Бӯстон мебошад, ки вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор мегардад ва ин ҳам самимият ва таваҷҷуҳи бештари ҳайатии омӯзгорию профессории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба ин санади муборак ва роҳнамосоз нишон медиҳад. Воқеан ҳам дар Паёми имсола аҳамияти ҷиддӣ ба соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва рушди ҷомеа махсусан сармояи инсонӣ дода шуд, ки ин ҳам барои фардои дурахшон ва ҳаёти босаодати миллат равона карда шудааст.
Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба корҳои тарбия Аминҷонова Мавлудахон ва дигар меҳмонону омӯзгорон суханронӣ карда, нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷанбаҳои ҳаётан муҳими онро ба ҳозирин ташреҳ доданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳозирин Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бисёр ҳам бо хушӣ ва саодатмандӣ истиқбол намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии имрӯза масоили муҳиму зарурӣ аз қабили баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорию металлургия, омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, вусъат бахшидани кори факултети иқтисодиёт ва зеҳни сунъӣ, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷомеа ба корҳои созандагиву ободонӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи забону фарҳанг, афзун намудани музди маош ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ баррасӣ карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот