ҲАМЛА БА КОРВОНИ МЕҲМОН АМАЛЕСТ ЗИШТ

Оре , расо як сол пеш – 29 июли соли 2018 – дар ноҳияи Данғара 4 сайёҳи хориҷӣ – ду амрикоӣ, як нафар аз Ҳолланд ва якеи дигар аз Швейтсария – ба як сурати бераҳмона кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон  як рӯз баъд эълон карданд, ки аз 5 ҳамлагар 4 нафараш кушта шуда, роҳбари онҳо – Ҳусейн Абдусамадов (Нахӯдов) дастгир шудааст. Нахӯдовро баъдан ба ҳабси умрбод маҳкум карданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба ӯҳда гирифта, видеои қабл аз анҷоми ҳамлаи Данғара ба “халифа”-и худхондаи ин гуруҳ Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурдани он 5 ҳамлагарро нашр кард.

Маълум гардид, ки тӯдаи риёкорон дар ҳудуди ин минтақа чандин вақт нақшаи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро кашида будаанд. Ҳатто олоти ҳуҷум низ тайёр ва байни ҳамлагарон вазифаҳо маълум. Ба гӯши ҳар кадоми онҳо хоҷаҳо ончунон дастурҳо хондаанд, ки ҳатто ба насиҳати волидон ва омузгорони худ эътибор надодаанд. Умри ҷавонии худро дар раҳи мазҳаби бегона қурбон намуда, ба ин кирдори ваҳшиёна оилаи худро доғдор намуданд.

Таъмини амнияти сайёҳи хориҷӣ ба дӯши танҳо мақомоти интизомӣ нест. Ин рисолати ҳар як шаҳрванд аст, ки меҳмонро азиз дорад. Ба корвони дучархасавори сайёҳони хориҷӣ дар рузи равшан ҳамла намудани иддае аз нобакорон амалест зишт.

Дар тарбияи фарзандон, хоса ҳушёрии сиёсии онҳо мо набояд саҳлангор бошем.

 

Зумрад Валиева, омузгори ДКМТ