Равобитҳои илмӣ ва ҳамкориҳои судманди илмӣ-тахникии донишкада бо муассисаҳои таълимии олии
касбии хориҷи кишвар давра бо давра густариш ёфтааст. Дар самти барқарор намудани ҳамкориҳои
тарафайн муфид дар соҳаи таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-методӣ,
илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмӣ-педагогӣ, мубодилаи донишҷӯён
донишкада бо 23 муассисаҳои олии касбии хориҷи дуру наздик «Шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаи
маориф, илм ва фарҳанг»-ро ба имзо расонидааст. (Украина, Белоруссия, Федератсияи Россия,
Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Норвегия, Словакия) Тибқи ин шартномаҳо, тарафҳо аз
имкониятҳои воқеӣ истифода бурда, дар масъалаҳои фаъолияти оинномавии муассисаҳо бо
сафарбаркунии олимону омӯзгорон, донишҷӯёну аспирантон, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои
илмии муштарак, мубодилаи олимон, ҳамкорӣ намудан дар самти такмилу ривоҷ додани таълимоти
фосилавӣ, мубодилаи адабиётҳои таълимию методӣ, барномаю нақшаҳои таълимӣ, маводҳои илмӣ ва
даъват намудани намояндагони тарафҳо барои иштирок дар конфронсҳо ва дигар ҳамкориҳои
судмандро ба роҳ монданд.