Донишкада дар баробари бо муассисаҳои олии касбӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, ҳамзамон бо як
қатор ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ низ робитаҳои судмандро барқарор намудааст. Барномаи «Илм
бар манфиати Сулҳ» и созмони НАТО оиди Лоиҳаи «Баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии оби ҳавзаи
Сир-дарё» аз ҳар гуна металлҳои вазнин бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Вазорати саноат ва
технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар доираи Лоиҳа 2 омӯзгорони ҷавон дар
ташхисгоҳи замонавии хориҷа таҳсил намуда соҳиби сертификат шуданд. Ҳоло дар ин лаборатория
ташхиси оби Сир-дарё мунтазам гузаронида мешавад. Ҳамчунин Донишкада ба гранти «Ҳамкории тайёр
кардани мутахассисон дар равияи «Об ва тоза кардани он» аз рӯи барномаи Норвегия-Евроазия» ноил
гашт. Ба ин лоиҳа 7-Донишгоҳҳо аз давлатҳои Украина, Белоруссия, Қазоқистон, ва Норвегия шомиланд.
Мақсади асосии Лоиҳа баланд бардоштани сифат ва маҳорати илмӣ-педагогии омӯзгорони муассисаҳои
олӣ оиди ба танзим даровардани манбаъҳои об ва технологияҳои тоза кардани оби шоранда
мебошад.Мувофики накшаи Лоиха хамасола ду донишҷӯи донишкада тачрибаомузии тобистонаи худро
дар заминаи Донишгохи илмӣ- табии.