Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати фаъол ва пешсаф дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, назири терроризм ва ифротгароӣ эътироф гардида, дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сипари боэътимоди амниятиро мемонад. Ин матлаб бори дигар дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки аввали моҳи майи соли 2019 дар мавзӯи «Нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» дар Душанбе доир гардид, ифода ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосир ва таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми бориз мегузорад.
Мусаллам аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардида, он самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм ва ифротгароӣ қариб 80 санади байналмилалӣ ва байнидавлатиро ба имзо расонидааст, ки дар таҳкими амният ва суботи кишвар, минтақа ва дар маҷмӯъ ҷаҳон нақши муассир мегузоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки минтақаи Осиёи Марказӣ бо мавқеияти геополитикиаш дар замони муосир таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудратро ба худ ҷалб намудааст ва вобаста ба авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонӣ дорад, таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст. Дар ин росто, таъмини амнияти минтақа кори як давлат ва ё созмон набуда, дар шароити феълӣ он кӯшишҳои дастаҷамъонаи тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, СААД, СҲШ, САҲА ва дигар давлатҳо -шарикони стратегӣ ва калидии худ баҳри таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муассир мегузорад. Бо соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори бо роҳи гуфтушунид ва мусолиматомез ҳал кардани қазияи Афғонистон аст. Зеро авзои сиёсию ҳарбии Афғонистон ва идома ёфтани муқовиматҳою амалҳои терррористӣ дар хоки Афғонистон ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарафзо арзёбӣ мегардад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар чоряки дуюми асри XIX муносибати давлатҳои пурзӯри сармоядорӣ нисбат ба ҳудудҳои то кунун ба доираи нуфузи ин ё он давлати аврупоӣ дохил нагардида, характери сиёсати байналхалқии онҳоро ташкил додан гирифт. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Миёна буд. Ба ин минтака Англия ва Русия бештар мароқ зоҳир карданд. Англия аз пурзӯрии мавқеи худ дар Ҳиндустон истифода бурданӣ шуда мехост, ки таъсири худро ба аморати Бухоро ва хонигариҳои Қӯқанду Хива ҳам паҳн намуда мавқеи Русияро дар Осиёи Марказӣ суст гардонад. Дар навбати худ, Русия мехост, ки ҳамчун давлати мустамликаҳои дур надошта қусури онро аз ҳисоби ҳамсоягони дуру наздик ҷуброн созад. Дар даврае, ки Англия Ҳиндустонро забт карданӣ буду кард, Русия Сибиру Шарқи Дурро ҳамроҳ кард. Дар ибтидои асри XIX дар тақсими Хитой ва Эрон ба минтақаҳои таъсиррасонӣ иштирок намуд. Акнун навбат ба Осиёи Миёна ҳам расид. Муборизаи дипломатӣ дар масъалаи ҳудудҳои таъсиррасонӣ дар Осиёи Миёна бо Англия чунин тезу тунд гардид, ки дигар ҳалли дипломатии худро надошт. Забти Осиёи Марказӣ аз тарафи ин ду давлати имперӣ ногузир гардид. Ва дар охир бо гузаштҳои тарафайн ин минтақаҳо аниқ гардид. Русия, ки даъвои Афонистонро ҳам дошт аз ин мақсад даст кашида бо ташкили давлати мобайние дар ин минтақа чӣ аз тарафи Русия ва чӣ Англия ба муоҳида омаданд. Вале роҳи амалии он факат дар зурӣ буд. Русия солҳои 1843 — 1852 ин роҳро омӯхта ба хулосае омад, ки забти Осиёи Миёна ногузир аст. Русия ҳадафҳои худро дар забт намудани Осиёи Миёна барои оянда чунин шарҳ дода буд:
Ҳадафҳои иқтисодӣ:
— Осиёи Миёнаро ҳамчун бозори берунии фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии худ истифода бурдан;
— Ҳамчун ба базаи ашёи хоми саноати тараққи кардаистодаи худ табдил додан;
Ҳадафҳои сиёсӣ:
— То ҳадулимкон сарҳади худро аз таъсири иқтисодӣ ва сиёсии Англия эмин нигоҳ доштан;
— Осиёи Миёнаро дар сиёсати байналхалқии худ умуман ва Осиёгии худ махсусан, истифода бурдан;
— Осиёи Миёнаро ба минтақаи бадарғакунии рақибони сиёсии худ истифода кардан медид. Яъне ҳадафҳои сиёсӣ нисбат ба ҳадафҳои иқтисодӣ бартарӣ дошт. Русия пеш аз ҳама мехост, ки ҳатто бо роҳи зӯрӣ ҳам бошад, давлатҳои Осиёи Миёнаро ба зери таъсири сиёсии худ гирад ва аз ҳисоби онҳо як давлати мобайние (буферие) байни мустамликаҳои Англияю Русия таъсис диҳад. Ва агар рафту тавонад, онҳоро ба мисли Сибиру Шарқи Дур ва Қазоқистон ба худ ҳамроҳ намояд. Вале Русия дар ҳамон солҳо розӣ буд, ки ақаллан ин давлатҳоро зери таъсири сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта бошад.
Солҳои 1893 — 1895 бошад, баъди амалиётҳои ҳарбии русҳо дар Помири Шарқӣ шартномаи байни Русия ва Англия дар бораи сарҳадҷудокунӣ дар Помир (25.02.1895) имзо гардид, ки сарҳад аз Зоркул то Хитой муайян карда шуд. Бо ин шартнома ҳамроҳкунии Осиёи Миёна ба Русия ба охир расид. Ин шартнома дар асл давоми шартномаи Дюранд буд, ки онро соли 1893 Афонистон имзо карда буд. Моҳияти он — тақсим намою ҳукм рон буд. Тоҷикон боз як бори дигар байни давлатҳои бегонаҳоким тақсим гардид. Ин дафъа байни Русия, Бухоро, Афонистон, Эрон ва Хитой.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба наздикшавии минтақавӣ дар иқтисод ва сиёсати хориҷии худ танҳо ба иқтидору тавоноии худ такя мекунанд. Гарчанде аз ҳамсояи бузург ва сармоягузори худ — Чин вобастагӣ доранд. Агар ба доктринаҳои сиёсати хориҷие, ки ҳукуматҳои Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои — солҳои наздик интишор кардаанд, назар андозем, метавон гуфт, ки роҳбарияти ҳар як кишвар ояндаи давлати худро ба мисоли ояндаи ҳамсояҳои худ мебинад.
Роҳҳо метавонанд гуногун бошанд. Барои мисол тибқи ҳуҷҷатҳои расмии Остона, ин кишвар натанҳо дар бораи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа гуфта аст, балки дар оянда хостори сохтани сохтори ягонаи иқтисоди Осиёи Марказӣ мебошад.
Тоҷикистон бошад, бештар ба ҳамкории дуҷониба хусусан бо Узбакистон таваҷҷуҳ дорад.
Ба ҳар сурат, новобаста аз роҳҳои гуногун, асоси сиёсати хориҷӣ, марзҳои боз дар дохили Осиёи Марказӣ мебошад.
“Агар мо дар бораи ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ сухан кунем, ман метавонам бигуям, ки Тоҷикистон танҳо дар бораи Узбакистон мегӯяд. Қирғизистон дар бораи Узбакистон ва Қазоқистон мегӯяд. Вале бештар дар равобити кишварҳо, ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо афзалият дорад” — мегӯяд мудири бахши иқтисодии Пажӯҳишкадаи кишварҳои пасошуравӣ АУР Елена Кузмина.
Пекин сол то сол дар минтақа нуфузи бештар пайдо мекунад, гарчанде ба сиёсати дохилии кишварҳо дахолат намекунад.
Барои Осиёи Марказӣ Чин аҳамияти бештар дорад, дар қиёс бо аҳамияти Чин ба Осиёи Марказӣ.
“Чин мақсади стротежии муайян дорад. Чин ба таври ҷиддӣ мехоҳад вориди бозори Урупо шавад ва аз вобастагии иқтисоди ИМА озод шавад. Ин иқдом ғайри имкон аст, агар ӯ тариқи Русияву Осиёи Марказӣ роҳандозӣ нашавад”, — таъкид мекунад раиси Интитути мушкилоти минтақавӣ Дмитрий Журавлев.
Барои Русия ва Осиёи Марказӣ ин аҳамияти бузурги амалӣ дорад, ба хусус агар мо ба барномаи асосии ҳамгироии роҳбари Чин Си Ҷинпин “Як банд — як роҳ” нигоҳ андозем.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистони камбағал, ин як иқдоми бузург барои рушди минотиқи марзӣ ва навсозии инфрасохторҳои логистикӣ мебошад.
Барои Пекин ин масъалаи сиёсӣ аст, чун Чине, ки дар бозорҳои Амрико бо занҷир баста нашудааст, нақши муҳим дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубушарқи Осиёро бозӣ хоҳад кард, ки дар он “аждаҳои бузург”-и сиёсати Чин иштиҳои худро дорад.
Дар охири солҳои 80 ва авали солхои 90-уми асри ХХ дар сиёсати байналхалқӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои тағйироти қатъӣ ба амал омаданд. Дар давоми ин солҳо тамоми системаи сиёсии ҷаҳон бо аз байн рафтани системаи ҷаҳонии сотсиализм ва шикаст хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Агар табаддулотҳои глобалии гузашта ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ оварда бошанд, шикаст хўрдани системаи ҷаҳони сотсиалистӣ нисбатан ба таври осоишта гузашт, ки ин ба аз байн рафтани ҷанги сард асос гузошт.
Бо аз байн рафтани ҷанги сард давраи дуқутбаии сиёсати байналхалқӣ ба охир расид. Акнун сиёсати ҷаҳонӣ як қутба шуд ва дар ин сиёсат мақоми ИМА хеле назаррас мебошад.
Яке аз масъалахои муҳими сиёсӣ ин мувофик омадани принсипи дохилӣ ва берунии сиёсати давлатҳо мебошад.
Нақши пешбарандагии сиёсат дар муносибатҳои байналхалқӣ аз чунин шартҳо вобастагӣ дорад:
— муносибатҳои байналхалқию сиёсие, ки бо муносибатҳои иктисодӣ зич алоқаманд мебошанд;
— муносибатҳои байналхалқию сиёсие, ки дар худ на ин ки фишангҳои муҳими идоракунии сиёсии байналхалқӣ, инчунин равандҳои ғайрисиёсии байналхалқиро фаро мегиранд(СММ ва ғайра);
— сиёсати байналхалқие,ки рўз то рўз тамоюли амиқи ҷаҳонӣ мегирад, барои ба танзим даровардани ин тамоюлҳо механизмҳои нав заруранд;
— сиёсати байналхалқие, ки дар тартиботи ҷамъиятии ҷаҳон тасири калон расонида, барои амалиёти давлатҳо ва дигар институтҳои байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Имрўз тамоми ҷаҳон ба минтақаҳои таъсири сиёсии ин ё он гурўҳҳо, блокҳо тақсим шудааст ва дар шароити хеле душвор ва зиддиятнок муносибатҳои сиёсии байналхалқӣ ташаккул ёфта истодаанд.
Яке аз масъалахои муҳим сиёсати байналхалқӣ ин масъалаи мустаҳкамшавии бехатарии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар асоси он бояд яроқи ядроӣ дар ҷаҳон паҳн карда нашавад.
Таркиши сахти геополитики охири асри ХХ ба хамаи масъалаҳои ҳалнашудаи инсоният таъсири калон расонид, ки онхо чунинанд:
Масъалаҳои характери иҷтимоию сиёсӣ дошта; пешгирии чанги ядроӣ, қатъ намудани мусаллаҳшавии бошитоб, ҳалли моҷарохои минтақавӣ, байнидавлати, бунёди ҷаҳони бетаҳдид ва зўроварона, ба амал баровардани боварии байни халқҳо; мустаҳкам намудани бехатарии умум;
Масъалаҳое, ки характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд: бартарф намудани ақимонии иқтисодӣ, ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли бартараф намудани кризисҳои энергетикӣ, захираҳо ва озуқаворӣ; ба тартиб андохтани раванди демографӣ;
Масъалаҳои иҷтимоӣ-экологӣ: бехтар кардани муҳити зист, тоза кардани муҳити атроф ва атмосфера аз газҳои зарарнок, тоза кардани табиати зинда ва мурда; ба таври оқилона истифода бурдани бойгарихои зеризаминӣ ва захираҳои оби нўшокӣ, ҷангалзорҳо ва дигар наботот; пешгирӣ кардани таъсири бади амалиётҳои ҳарбӣ ба табиат;
Масъалаҳои инсон: риоя намудани ҳуқуқи иҷтимоӣ, инкишофи мадании шахс, аз байн бурдани бегонашавии шахс аз табиат, ҷамъият, давлат ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ. Ҷомеаи ҷаҳонро, ки имрўз зиёда аз 6 млрд. одамон ва 230 давлатҳои хурду калон фаро гирифтааст, вазифадор аст, ки ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ диққати махсус диҳад ва онҳоро бо назардошти манфиатҳои халқҳои тамоми ҷаҳон хал намоянд. Дар таҳким ва ҳалли ин масъалаҳо мақоми ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтакавӣ хеле калон мебошад. Махсусан дар ин раванд нақши Созмони Милали Муттаҳид хеле назаррас мебошад. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ташаббуси мамалакатҳои кооалитсияи зидди гитлерӣ рузи 24 октябри соли 1945 СММ ойинномаи худро ба ҳукми қонун дароварда, ташаккул ёфт. Маркази СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷо гирифтааст. Ташкилотҳои муҳимтарини СММ чунинанд: ассамблеяи генералии СММ , ки дар кори он ҳамаи давлатҳои аъзои СММ иштирок мекунад ва қарор қабул менамоян. Ин ташкилот аз 15 аъзои Шўрои бехатарӣ иборат мебошад, ки даҳтои онҳо доимӣ нестанд ва ҳар ду сол пас иваз карда мешаванд. Давлатҳои Чин, Русия, англия, ИМА ва Фаронса аъзоёни доимӣ он мебошанд.
Яке аз ташкилотҳои муҳими СММ -Шўрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ташкилоти дигари он Суди байналхалқӣ буда, маркази он дар ш. Гаагаи Нидерландия ҷойгир мебошад. Ташкилоти дигари он Котиботи СММ буда, тамоми ҳуҷҷатҳои СММ, аз ҷумла протоколҳо, шартномаҳо, содирот, воридоти аъзоҳақӣ ва дигар корҳои муҳими СММ ро ба ҷо меорад ва дар муддати панҷ сол таъин карда мешавад.
Инчунин чунин комитетҳо ва комиссияҳо чун ЮНЕСКО-оид ба масъалаҳои маориф, маданият ва илм, ташкилоти байналхалқии тандурустӣ (ВОЗ), Агентии байнихалқии асъор (МВФ), Агентии байналхалқии оид ба энергияи атом(МАГАТЭ), Конфедератсияи оид ба савдо ва тараққиёт(ЮНКТАД), ташкилоти байналхалқии мехнат(МОТ) –ро СММ фаро мегирад. Инчунин беш 2500 ташкилотҳои ҷаҳоние мебошад, ки бо масъалаҳои фурўши нефт, иқтисод, истифодаи энергетика, Конфедерасияҳои исломӣ , Ташкилоти байналхалқӣ политсияи ҷиноятӣ(ИНТЕРПОЛ), Салиби сурх(МКК) вуҷуд доранд ва дар раванди инкишофи муносибатҳои сиёсии ҷаҳонӣ мақоми калон доранд.
Дар инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ як қатор тамоюлҳои ҷиддие ба амал омадаанд, ки дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои байналхалқӣ таъсири мусбӣ мерасонанд:
Тамоюли ғайриидеологии шудани муносибатҳои байналхалқӣ.
Гузаштан аз зиддиятҳо баҳамкорӣ.
Аз байн рафтани ҳукмронии дуқутба, дар сиёсати ҷаҳонӣ.
Демократиякунонӣ ва гуманизатсиякунонии сиёсати ҷаҳонӣ.
Васеъшавии муносибатҳои байналхалқӣ.
Чунин тамоюл имконият медиҳад, ки аҳолии курраи замин ба воситаи ташкилотҳои байналхалқию минтақавӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ходимони алоҳидаи давлатию сиёсӣ масъалаҳои хеле нозуки ҳалталабро бо хуби ҳал намоянд.
Буҳрони Афғонистон аз масъалаҳои печидаи замони муосир буда, дар саросари олам барои дарку баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он ҳамасола даҳҳо нишасту мулоқоту маҳфилу конфронс баргузор мешавад. Чун дар ин бора маводи фаровон дастрас аст, банда ба моҳияти худи буҳрон дахолат намекунам. Хусусан, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки масъала то ҷое печидааст, ки имрӯз ҳар касе дар бораи вазъияти Афғонистон ва ояндаи он ба таври мутлақ изҳори назар мекунад, ҳайсияти илмии худро зери хатар мегузорад. Ин аст, ки мавзуи ин навишта бисёр мушаххас буда, масъалаи таъсири буҳрони Афғонистон бар сарнавишти Осиёи Марказӣ ва бар равандҳои дохилии минтақаро дар бар мегирад.
Аввал, таъсири буҳрони Афғонистон ба моҳияти равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои минтақа бисёр рӯшан мебошад. Ин буҳрон кишварҳои минтақа, хусусан, се кишвари ҳаммарз бо Афғонистонро маҷбур доштааст, ки дар сиёсати дохилии худ масъалаи таъмини амниятро дар дараҷаи аввал гузоранд ва навъе “сиёсати амниятмеҳвар”-ро пеш гиранд. Эҳсоси бими доимӣ аз шикасти суботи сиёсӣ, ки зери таъсири вазъияти Афғонистон шакл гирифтааст, дар рушди институтҳои сиёсии демократӣ, таъмини озодиҳои сиёсӣ ва таваҷҷуҳ ба масоили ҳуқуқу озодиҳои фардӣ дар ин кишварҳо таъсири бисёр манфӣ гузоштааст. Илова бар ин, низомҳои сиёсии Осиёи Марказӣ аз идомаи буҳрон дар Афғонистон ба нафъи шадидтар кардани контроли худ бар ҷомеа баъзе истифодаҳо низ намудаанд.
Дар ниҳоят, буҳрони Афғонистон ҳатто ба моҳият ва характери низомҳои сиёсии Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, ба гароиши онҳо ба самти низомҳои авторитарӣ, устувортар гаштани чунин низомҳо ва ҳатто ба тӯлонӣ шудани умри онҳо мусоидати махсус доштааст. Дар як ибора, буҳрони Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро солҳо дар “вазъияти фавқулодда” нигоҳ дошта, то ҷое ба бологирии гароишҳои авторитарӣ дар минтақа “машруияти иловагии хориҷӣ” бахшидааст.
Дуюм, дар вазъияти ташаннуҷи амниятӣ қарор доштан, бисёр фурсатҳои таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳои зикршударо аз байн бурдааст. Илова бар ин, “баста будани ҷануб” низ монеи ҷиддии татбиқи бисёре аз тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иртиботии ин кишварҳо гаштааст. Чунин вазъиятро метавон дар мисоли муаллақ ё нотамом мондани лоиҳаҳои ҷиддие чун тарҳи интиқоли гази Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон (“ТАПИ”), интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Ҷануб (КАСА-1000), хатҳои роҳи оҳан аз Узбакистон ва Тоҷикистон ба самти Ирону Покистон, бунёди НБО “Даштиҷум”, такмили роҳи мошингард аз Тоҷикистон ба Ирон ва даҳҳо тарҳи дигар мушоҳида намуд. Ҳамин тавр, вазъи буҳронии Афғонистон бар рушди иқтисодӣ ва вазъияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бисёр манфӣ гузоштааст. Зиёни ин таъсир ба рушди иқтисодиёти воқеии минтақа дар муқоиса бо баъзе даромадҳои кӯтоҳмуддате, ки давлатҳои минтақа аз ҳамкориҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бо эътилофи ғарбӣ дарёфт кардаанд, бисёр бузургтар аст.
Аммо таъсири манфии ин вазъият ба рушду эҳёи фарҳангӣ дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақа дучандон будааст. Зеро бинобар ташаккули зеҳнияти манфӣ дар бораи эҳтимоли таъсири вазъияти Афғонистон, Тоҷикистон на танҳо аз роҳандозии робитаҳои солими динӣ, балки аз имкониятҳои васеи робитаҳои фарҳангӣ бо ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ маҳрум мондааст. Ё ин вазъият боис гаштааст, ки Тоҷикистон аз яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини эҳёи миллию ҳуввиятии худ, ки дар замони эҳёи пасошӯравӣ ба он бисёр ниёз дошт, тақрибан истифода бурда натавонад. Зеро, дар ҳоле ки муштаракоти фарҳангии байни ду кишвар заминаи васеи робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангиро фароҳам овардаанд, заруратҳо ва мулоҳизаҳои ногузири амниятию идеологӣ ин робитаҳоро бисёр маҳдуд нигоҳ доштаанд. Дар натиҷа, имрӯз таносуби байни имкониятҳои мавҷуда ва робитаҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахши фарҳанг дар маҷмуъ ҳазор бар як мебошад. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки буҳрони Афғонистон ба солимии раванди эҳёи миллӣ дар Тоҷикистон латмаи ҷуброннопазир ворид намудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хусусан, дар панҷсолаи охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як тағйири амиқи равонӣ дар муносибат бо буҳрони Афғонистон мушоҳида мешавад, ки онро метавон ба таври шартӣ “хасташавӣ”-и Осиёи Марказӣ аз ин буҳрон номид. Мушоҳидаи ин таҳаввули амиқ ё “хасташавӣ” дар чанд самт ҷолиб аст:
Якум, бинобар тӯлонӣ шудани буҳрони Афғонистон, ин буҳрон барои аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳияти пешинаи идеологӣ, қавмӣ ва сиёсии худро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Дар шарҳи ин таҳаввул метавон гуфт, ки сиёсати ин кишварҳо дар нисбати буҳрони Афғонистон тадриҷан “ғайрисиёсӣ” ва “ғайриидеологӣ” мешавад. Яъне, акнун бахше аз ин кишварҳо воқеъбинона мебинанд, ки манфиати аввали онҳо на дар дастгирии ин ё он қавм, гуруҳ, мазҳаб, ақида ва ғайра, балки дар худи барқарории амният ва субот дар Афғонистон аст. Албатта, масъалаи арзишҳо ва идеология дар сиёсати ин кишварҳо комилан аз байн намеравад, балки дар марҳилаи феълӣ он ба ҷои дуюм поин меояд. Аз ин рӯ, дар солҳои охир дар сиёсати онҳо нисбати Афғонистон навъе “бетафовутии идеологӣ” ба вуҷуд омада, худи суботу амният ба ҳадаф ва ба идеология табдил меёбад, гоҳо ҳатто навобаста аз он, ки субот ва амниятро дар он кишвар кадом ниру барқарор мекунад. Бо тафовут аз даҳ соли пештар, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ худро асосан, дар ҷабҳаи сиёсию идеологии зидди “Толибон” медиданд, имрӯз бахше аз ин кишварҳо ҳамзистӣ бо “Толибон”-ро ҳамчун як воқеият одӣ медонанд ва бо ин гуруҳ робитаҳои васеи расмӣ ва ғайрирасмӣ ба роҳ мондаанд.
Дуюм, бинобар печидатар шудани буҳрони Афғонистон, дар доираҳои сиёсии Осиёи Марказӣ навъе гузаштан аз тезиси маъмулии “ҳалли буҳрони Афғонистон” ба тезиси нави “ҳамзистӣ бо буҳрони Афғонистон” мушоҳида мешавад. Мафҳуми “хасташавӣ аз буҳрон” ба маънои соддаи расман эълон намудани хастагӣ ва ё комилан даст кашидан аз талошҳо барои ҳалли буҳрон нест. Балки “хасташавӣ” ба он маъност, ки дар рӯзномаи амал масъалаи “ҳалли буҳрон” аз нуктаи якум ба нуктаи дуюм фаромада, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тадриҷ ба стратегияи “ҳамзистӣ бо буҳрон” ҳамчун бо як омили доимӣ мегузаранд. Зеро онҳо аз як сӯ, дарк мекунанд, ки нақши онҳо дар ҳалли умумии масъалаи Афғонистон чандон муассир нест.
Сеюм, бинобар рӯшан набудани дурнамои баҳси абарқудратҳо, солҳои охир кишварҳои Осиёи Миёна талош менамоянд, ки аз форматҳои васеи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ба форматҳои танги дуҷониба ва ё се-чорҷониба гузаранд.
Оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ қаблан суханҳои зиёд гуфта шудааст, боз мушкилоту суолҳои зиёде мавҷуд аст, ки ҳал нагардида, мутобиқан бояд муҳокимаву бартараф карда шаванд, чунки баъзе масъалаҳо то ҳадди ғайривоқеӣ расонида шудааст, ки гӯё Осиёи Марказӣ табиатан минтақаи низоъангез аст.
Аз як тараф, Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи хатарнок аз ҷиҳати заминларза муҳокима мегардад, ки на барои он ки шумораи заминларзаҳо дар ин минтақа зиёд аст, балки ин ба раванди қонунҳои табии Сайёраи Замин шарҳ дода мешавад.
Се асотири асосие ба миён омадааст, ки минтақаро ҳамчун низоъангез муайян мекунад: 1) мавҷудияти минтақаи ҷанҷолӣ «силсилаи фарғона», 2) мубориза барои сарварӣ дар минтақа байни Қазоқистон ва Узбекистон, 3) муборизаи ҳокимиятҳои минтақавӣ барои доираи нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Чаро асотир на мушкилот? Мафҳуми «мушкилӣ» вуҷуд дорад, ки онро кӯшиш мекунанд, ҳал намоянд. Мафҳуми «асотир» ин ҳамон «мушкилӣ» аст, вале то ҳадде «муболиға» кардаанд, ки ҳалли онро намебинанд, илова бар ин, ба ин ҳолат итоат карда, онро ҳамчун «воқеъият» қабул мекунанд. Инчунин ақидаи мӯътабари Збигнев Бзежинский аҳамият дорад, ки Осиёи Марказро чун «ЕвроОсиёи Балкан» тавсиф дода, истифодаи номи васеъшудаи «Осиёи Марказӣ ва Қафқоз»-ро пешниҳод менамояд.
Асотири чорум низ ташаккул ёфтааст – ин ҳалалнопазирии масъалаи муносибати байни Тоҷикистону Узбекистон. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни рушди муносибатҳои солҳои охир, махсусан, соли равон-2017, инчунин намунаҳои мусбӣ аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, ба хулосае меоем, ки чунин масъалаҳо низ ҳалли мусбии худро доранд.
Оянда ва дурнамои Осиёи Марказиро аз мавқеи таҷдиди назар кардани равандҳои муосири сиёсӣ дар ҷаҳон, шурӯъ аз охири асри XX ва оғози асри XXI баррасӣ намудан зарур аст. Раванди азнавсозии тартиботи ҷаҳонӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ки онро буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамроҳӣ намуда, минтақаҳои устувор аз қабили Иттиҳоди Аврупо ва ИМА-ро низ бе таъсир нахоҳад гузошт. Тағйиротҳои бузург ва аз нав дида баромадани муқаррароти ташаккулёфта, ақида, мафҳум, қоида, арзишҳои анъанавӣ ва ҳатто аксиомаҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Давраи нави тартиботи ҷаҳонӣ шурӯъ мегардад. Мамлакат ва минтақаҳое, ки мустақилона ҷой ва нақши худро муайян карда наметавонанд, вобаста аз имкониятҳои мавҷуда, кишварҳои дигар ба чунин мамлакат ва минтақаҳо кӯмак мекунанд, ки ҷой ва нақши онҳо дар тартиботи нави ҷаҳонӣ муайян гардад.
Узбекистон. Ягона давлате дар минтақа, ки бо дигар давлатҳои минтақаи мазкур ҳамсарҳад аст ва дорои мавқеи геостратегӣ дар минтақаи ОМ мебошад. Аз соли 2017 саҳифаи наве дар сиёсати берунаи Узбекистон кушода мешавад. Самтҳои бартариятнок – ин кишварҳои осиёи Марказӣ мебошанд. Мувофиқи ҳикмати мардумӣ: «ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур аст».
Хусусияти ташаббусҳои қазоқистонӣ аз он иборат аст, ки ғояҳои зиёде чун дурнамои дарозмуҳлат пешниҳод менамояд. Диди глобалии тартиботи ҷаҳонии оянда ва мақоми Қазоқистон ва минтақа дар он сифати фавқулодда муҳим ва нодирест, ки танҳо хоси Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев аст. Иҷроиши Стратегияи «Қазоқистон — 2050» мақоми сазовор ва нақши Қазоқистонро дар иттиҳодияи байналмилалӣ муайян мекунад. Аввалин маротиба идеяи иттиҳоди ЕвроОсиё-ро Н.Назарбаев дар аввалҳои солҳои 1990-ум пешниҳод карда буд. Татбиқи он дар ҳаёт моҳи январи соли 2015 дар шакли Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё амалӣ гардид. Ғояи интегратсияи минтақаи Осиёи Марказӣ мунтазам аз ҷониби Қазоқистон мавриди ташаббус қарор мегирад. Бо вуҷуди душвориҳои мушкилоти мавҷуда ва баҳогузории коршиносон оид ба низоъангезии минтақа, дурнамои табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи яклухт вуҷуд дорад ва интегратсияи Осиёи Марказӣ хаёли хом нест.
Агар ҳар кадом аз равандҳои интегратсионӣ аз ҷониби дигар кишварҳое, ки дар ин ҷараён иштирок намекунанд, ба таври манфӣ қабул гардад, пас зарур аст, ки муносибати наве ба ин равандҳо бояд дошт, чунки ин ҷараёнҳо ҳамеша хилофи касе ҳастанд. Ҳамчун асос «бехатарии минтақа» гирифта шавад, ки бе шубҳа аз ҷониби ҳамаи кишварҳои минтақа дастгирӣ меёбад. Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи «устуворӣ, сулҳ ва ҳамоҳангӣ» эълон карда шавад. Дар доираи чунин эъломияи муштарак масъалаҳои бехатарии минтақа ҳал карда шаванд. Ҳалли масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экстремизми динӣ ва ғайра аст. Ҳалли бомуваффақи вазифаи гузошташуда имкон медиҳад, ки ба масъалаи асосӣ ва нисбатан мураккаб — барқ ва истифодаи об гузарем. Инҳо чун се «наҳанг»-и шартӣ мешаванд, ки ояндаи Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи ягона дар асри XXI ташкил медиҳанд. Даъвои бемаънӣ садо медиҳад, вале он ҳодисаҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, магар бемаънӣ нестанд?
З.Орифи,
А. Саидов, омузгорони кафедраи ФГИ-и ДКМТ
Адабиёт:
Сарчашмаҳо аз шабакаи интернетӣ:
http://donishkhona.tj/archives/1320
https://tj.allinweb.ru/mavzui/1746
https://sputnik-tj.com/analytics/20180404/1025216034/iqtisodi-yakjo-to-dusti.html