Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ намояндаи минтақаи саноатӣ-тиҷоратии шаҳри Чиндауро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ба ҳузур пазируфт. Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо шарикони болозикр дар доираи ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Зимни мулоқот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ омодагии ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро ҷиҳати ҳамкории зич ба шарикон эълом дошт.
Қарор аст, ки дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтарин озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии муштаракро дар доираи асноди ҳамкориҳои тарафайни Тоҷикистону Чин ба роҳ монанд. Бо амалишавии ин лоиҳа дар назар аст, ки муаммоҳои технологии корхонаҳои саноатии муштараки Тоҷикистону Чин дар ин марказ таҳқиқ ва такмил дода шаванд.
Дар мулоқоти имрӯза ҳамчунин, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Азимов Эминҷон ширкат намуданд.