Дирӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ва мутахассиси маркази ташхиси компютерӣ ва зеҳни сунъи Маъруфҷон Киличев ба корхонаи истеҳсоли автомобили шаҳри Бӯстон рафта, перомуни ҳамкориҳои минбаъда гуфтугӯ намуданд. Ҳамчунин, аз ҷараёни кори корхонаи мазкур, ҳолати дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизотҳо боздид ба амал оварданд. Пас аз ин вохӯрӣ ва дидор бо роҳбарияти коргоҳи мазкур ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки минбаъд ҳамкориро густариш диҳанд ва як қатор лоиҳаҳоро дар ин корхона амалӣ созанд. Таъкид карда шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот ин барнома роҳандозӣ карда шудааст ва қарор аст, бо як қатор корхонаҳои саноатӣ созишномаҳои нав баста шавад.
Шуъбаи иттилоот