Ҳамкориҳои донишкада бо донишгоҳҳои мамлакат густариш меёбад

Дирӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии роҳбари маркази тестӣ ва бақайдгирӣ Давлатов Давлатмаҳмад бо ректори Донишгоҳи байналмиллалии сайҳӣ, соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор мулоқот намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба гуфтушушид намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба табодули таҷриба, ҳамкориҳо дар самти истеҳсолот ва илм, таҳвили донишҷӯён ба лагерҳои омӯзишӣ, гузаронидани пажӯҳишҳои илмӣ дар ҳамҷоягӣ ва дигар самтҳои таълим ибрози андеша намуда, ба хулосаи амиқ расиданд. Таъкид карда шуд, ки бо дарки ҳусни ҳамҷаворӣ минбаъд робитаҳо дар ин самт густариш дода мешаванд.


Шуъбаи иттилоот