Ҳамкориҳои донишкада бо Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урали Русия тақвият меёбад

Санаи 29.09.2022c. бо ибтикори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада онлайн- семинар байни намояндагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урали Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд.

Аз ҷониби ДКМТ дар муколамаи мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А.А., деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо  ва ҳамчунин сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишкада Муҳамадиев А.Н.,сардори шуъбаи аспирантура ва магистратура Муҳаммадюсупова Ш.А.,сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Ш.К  ва дигарон ширкат намуданд.

 

Аз ҷониби ДДКУ бошад, дар гуфтушунид муовини ректор оид ба таълим-Упоров Сергей Александрович, сардори  раёсати робитаҳои байналмилалӣ- Дахиева Евгения Николаевна ва мутахассиси раёсати робитаҳои байналмилалӣ- Шарепо Анастасия Александровна иштирок намуданд.

Муовини ректори донишкада оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А.А сараввал дар бораи ДКМТ маълумот дода, омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён намуд.

Дар семинари мазкур тарафҳо роҷеъ ба масоили нашри натиҷаҳои таҳқиқоти илмии олимон дар маҷаллаҳои «Вестник УГГУ » ва «Вестник ГМИТ», дастрасӣ ба захираҳои китобхонаи илмии ДДКУ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои инноватсионӣ ва грантӣ дар соҳаи истихроҷи маъдан, металлургияи ранга, истихроҷи нафту газ, истеҳсоли заргарӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, технологияҳои аддитивӣ, робототехника, геоэкология, геотехнологияҳо ва ғайра, ташкили таҷрибаомӯзии ду нафар омӯзгорони мо дар моҳҳои март-апрел, кушодани шӯрои муштараки диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, гузаронидани якҷояи конференсияҳои илмию амалӣ ва хондани лексияҳо барои донишҷӯёни ДКМТ,  суҳбат намуда, дар амали намудани ҳамаи ин ва нақшаҳои оянда ба мувофиқа расиданд.

Дар охир  муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал- Упоров Сергей Александрович ба  раёсати донишкада миннатдории хешро баён намуда, таманнои ҳамкориҳои муштараки минбаъдаро кард.

Ҳамчунин, муовини ректори ДКМТ оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А. барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ин ҳамкорӣ ба ҳарду ҷониб айни муддао ва муфид мебошад.