Ҳамкориҳои донишкадаи мо бо донишгоҳҳои Россия густариш меёбад

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Сургути Федератсияи Россия ва Маркази идоракунии лоиҳаҳои байналмилалии минтақаи Юграи Федератсияи Россия гуфтушунид баргузор гардид. Дар вохӯрии имрӯза аз ҷониби мо ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Муҳаммадиев Акбар, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ ва аз ҷониби намояндагони донишгоҳи Россия Т. Кулдашев, Сидорова О.В., Трухина О.А. гуфтушунид анҷом доданд.
Ба иттилои муовини ректор Насриддинов З.З. ҷонибҳо ба чунин мувофиқа расиданд, ки ҳар сол ба муддати як ва ду семестр барои таълими фанҳои физика, химия, математика ва забони русӣ барои бакалаврон, магистрон ва докторантон аз Донишгоҳи давлатии Сургути Федератсияи Россия педагогон сафарбар карда мешаванд. Таъминоти молиявии муаллимонро бо лоиҳаи муштарак бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ муҳайё менамояд.
Ёдовар мешавем, ки меҳмонон ҳини ташриф аз озмоишгоҳҳо ва бинои академияи CDIO дидан намуданд.


Шуъбаи иттилоот