Имрӯз бо ҷонишини директори генералии ширкати муштараки тиллоистихроҷкунандаи Зарафшон ҷаноби У Лей ва ҳайъати роҳбарикунандаи он дар умури кор бо мутахассисон вохӯрӣ барпо намудем.
Натиҷаи вохӯрӣ:
1. Донишҷӯёни фаъоли ихтисосоҳои металлургия, тозакунии конҳои канданиҳои фоиданок, электромеханика ва химияи маводҳои саноатии бахши сеюм ва хатмкунандагон дар теъдоди 100 нафар ба кор қабул карда мешаванд;
2. Нақшаҳои таълимии муштараки байни корхона ва донишкада тибқи ихтисосоҳои болозикр таҳия, тасдиқ ва дар асоси он таълим дода мешаванд;
3. Донишҷӯёни бахши сеюми ихтисосҳои болозикр пас аз интихоби гурӯҳи корӣ, дар доираи барномаҳои таълимии муштарак таълим дода мешаванд;
4. Хатмкунандагони ихтисосҳои болозикр, ки имсол донишкадаро бо баҳои аъло хатм мекунанд, ба таҳсили иловагӣ ва кор фаро гирифта мешаванд;
5. Санаҳои 30-31-уми марти соли равон устодони равияҳои болозикри донишкада аз корхонаи нав сохтаистодаи коркарди МИС ва фаъоли тилло, конҳо ва инфрасохтори ҷорӣ, дидан хоҳанд кард.
6. Дар донишкада лабораторияи хурди коркарди конҳои тилло ва мис сохта мешавад.