Ҳамкориҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақвият меёбанд

Муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқотҳои технологияҳои инноватсионӣ»-и  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хостори равобити илмӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шуданд. Дар ин бора муовини ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов З.З.  ба шуъба хабар дод.

Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази таҳқиқотҳои технологияҳои инноватсионӣ»-и  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Эшов М.Н., санаи 20.12.2020 бо  ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ  Насриддинов З.З. дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ намудааст. Дар гуфтушунид роҳбари марказро инчунин се нафар олимони соҳаҳои металлургия, геология ва маводшиносӣ ҳамроҳӣ намудаанд.

Тарафҳо дар самти технологияҳои иттилоотии кӯҳӣ, маводшиносӣ ва таҳияи технологияҳои нави коркарди конҳои канданиҳои фоиданок изҳори назар кардаанд. Ҳамчунин, дар мулоқоти имрӯза ҷиҳати тақвияти корҳои лоиҳаи шартномаи ҳамкорӣ тамаркуз сурат гирифтааст.

М. Сайидзода