Ҳамкориҳои ДКМТ бо МИСИС густариш меёбад

Имрӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Абдусафо Умарҷонов бо муовини ректори Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСИС”-и шаҳри Москва Вадим Леонидович Петров мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҷиҳати беҳтар намудани равобит ва табодули таҷриба ки корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонанд. Ҳамчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба тафовуқ расиданд, ки минбаъд табодули таҷриба менамоянд ва мутахассисони соҳаро барои бозомӯзӣ ба ҳар ду муассисаи олӣ мефиристанд.
Зимни боздид, ҳайати омӯзгорони ДКМТ аз китобхонаи МИСИС низ дидан намуда, аз бойгонӣ ва нусхаҳои нодири китобхона иттилоъ ёфтанд.
Ҳамзамон, намояндагони донишкада- профессор Умарҷонов Абдусафо ва раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад аз парки технологии ин муассиса дидан намуданд. Директори парки технологӣ ва ҳамзамон дизайнери машҳури Россия Владимир Пирожков аз имкониятҳои мавҷудаи парк ва лоиҳаҳо сухан ронда, изҳор дошт, ки ҳамеша омода аст бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд ва ҳатто ба тариқи онлайнӣ лексияҳо хонад.
Дар умум чанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо боз густариш хоҳад ёфт.
Дар ин бора аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо иттилоъ дод.


Шуъбаи иттилоот