ҲАМЕШЕ БА ФИКРИ ФАРДОИ МИЛЛАТ

Имсол чун ҳарвақта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар Рӯзи дониш диққати махсусро ба сатҳу сифати таълим ҷудо намуда, дар ростои камбуду норасогиҳо пешниҳоду супоришҳои муҳим ва фаврӣ доданд. Ҳамчунин, зикр кардан ба маврид аст, ки маҳз тавассути сиёсатҳои хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, соҳаи маориф рушд намуда аз як давраи ноқис ва серкамбуд ба давраи нав , яъне соҳибтаҷҳизот ва заруриву фоидарасон табдил ёфт. Дар ин давра мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд ва сатҳи таълим ба низоми нав ҷори карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати таъмини таҷҳизот ва ё худ зарурати фанҳои таълими чораҳо андешида шуд ва аксарияти мактабҳо бо компютерҳо таъмин гардонида шуданд. Қариб дар ҳамаи мактабҳои миёна ва муассисаҳои олии таълимӣ синфхонаҳои махсуси компютерӣ ҷудо карда шудааст, ки аз он хонандагону донишандӯзон баҳравар мегарданд.  Боз ҷиҳати хубияш он аст, ки дар ин давра, яъне чанд соли соҳибистиқлолӣ обрӯву манзалати муаллим ва ё худ омӯзгор баланд бардошта шуд. Меҳри омӯзгорӣ дар дили мардум дубора фаввора зад ва имрӯз ин пеша яке аз беҳтарин роҳи интихоб дониста мешавад. Сафи олимону номзадҳои илм дучанд гардида, мартабаи олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баландтар гардид. Имрӯз дар тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд, ки худ намуна аз сатҳи баланди таълим дар кишвар мебошад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин Пешвои муаззами миллат ба ин масъала аҳамияти хос зоҳир намуда, супоришҳо доданд, то ба сатҳи баланди илмомӯзи расида тавонем. Соҳаи маориф ҳарчанд сол аз сол рушд мекунад ва навгониҳоро ба худ касб мекунад, вале наметавонад бекамбуд бошад, аммо ин масъала Сарвари хирадманду маорифпарварро низ ором намегузорад. Зимни суханронӣ, ки ҳар як ҳарфи эшон ҳикмати аср дониста мешуд, Пешвои муаззами миллат баҳри ободӣ ва ҳифзи ватани азиз, баҳри ояндаи дурахшону фардои заррин ба ҷавонон ва тамоми мардуми кишвар муроҷиат намуданд: “Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем.

Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем”.

Ин сухани Пешвои муаззами миллат моро ба он водор мекунад, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ба илму дониш фаро хонда шавем ва бо тамоми ҷидду ҷаҳд баҳри ободии ватани азизамон Тоҷикистон саҳми арзанда гузорем.  

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи сарвароне ҳастанд, ки дар ҷаҳон мислашон ангуштшумор аст ва ин гуна афрод барои миллат ва меҳани азиз ҳамеша дар фикру хаёл аст. Дилаш ҳамеша метапад ва ҳамеша дар андешаи ояндаи фардои ин миллат мебошанд. Худ бубинед, бо ин ҳама ободкориҳо ва рушд бахшидан, ёрмандӣ ба соҳаи маориф Пешвои миллат ором нагирифта, боз ҳам таъкид намуданд: “Мо бояд минбаъд низ ба соҳаи маориф, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллат боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоем”.

Аз ин бар меояд, ки Пешвои муаззами миллат лаҳза ба лаҳза дар фикри ин миллату ватани маҳбуб ҳастанд ва ҳамеша талош мекунанд, то ин кишвари азизро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Зеро хатарҳои бузурги ҷаҳонишавӣ моро дар остон аст.

                                            Ш. Насриддинов – омӯзгори ДКМТ