ҲАМДАМӢ ВА ҲАМДИЛӢ ПОЯНДА БОД!

Низои марзӣ, ки чанд рӯз дар қисматҳои сарҳади  шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Гафуров  бо Ҷумҳурии ҳамсояи Қорғизистон рух дод, ба ҷузъ оҳу ҳасрат, ашки талхи модарону хоҳарони ҳарду тараф  пайомади дигаре нагузошт. Низоъ ҳаргиз роҳи ҳал нест ва нахоҳад буд, зеро таърих исбот  намудааст, ки ҷанг харобию навмедиро ба амал меорад. Бубинед, ки ҷанг фақат  куштору захмибардошта, даҳҳо ҳазор тарки маконкарда, фарзандони бегуноҳ аз таълиму тарбия дурмондаро ба вуқӯъ овард. Таасуфовар аст, ки руҳияи насли наврас  шикаста гардид. Тухми бадбинӣ нотавонӣ  пошида гардид. Ҳар як фарди солими ҷомеъа бояд мизони андеша кунад. Бо вуҷуди он ки  санаи 1-уми май дар сатҳи ҳар ду давлат  гуфтушунид оид ба  оташбас  ва муайянкунии марзҳо сурат гирифта буд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, неърӯҳои ҳарбиро ба  ҷои пештарашон  баранд, як  зумра одамон мехоҳанд, ки дар ин ҷанг пирӯз шаванд ва хабарҳои  бардурӯғ ва бепояро баҳогузорӣ намоянд.

Мушкилии марзие, ки  имрӯз дар ҳар ду миллат барои ҳаллаш  солҳои сол  саъю талош меварзанд, наметавон  бо зӯргӯиву қудрат  мурод ҳосил шавад. Ҳамсоягони мо бояд дарк кунанд, ки назари як нафар назари миллату  давлат шуда наметавонад. Сабукфикрӣ, беандеша сухан гуфтан фарҷоми хуб надорад. Инро дар мисоли Ҷамоати  деҳоти Ворухро  анклав эълон кардану даъвои онро ба  тобеияти Қирғизистон  ворид кардан гуфт. Деҳаи Ворух ҳазор солҳост, ки  чун минтақаи тоҷикон  дар осори  гармонмояи адибону таърихнигорон омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни сафари корӣ  дар мулоқот бо фаъолони  вилоят дар Ҷамоати  деҳоти Ворух баён доштанд, ки  “Ҳалли    масъалаҳои марзӣ мӯҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”. Ва ҷои дигар таъкид доштанд, ки “Дар давоми 19 сол музокирот  бо Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи иваз кардани Ворух  бо дигар қитъа  вуҷуд надошт  ва вуҷуд дошта наметавонад”.

 Дар иртибот   бо ин мавқеи мустаҳками Роҳбари давлат Раиси вилояти Суғд, мувини аввали  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода  дар нишасти матбуотӣ  изҳори назар карда қайд кард, ки  ҳалли ин масъала хеле душвор аст  ва он  танҳо дар чорчӯбаи  гуфтушуниди  ду давлат бояд суръат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон  ҳаргиз хостори  гирифтани замини  ҳамсоягон  нест ва дар навбати худ ӯ намегузорад, ки як ваҷаб замини кишварашро дигарон гиранд. Дар ҳеҷ давру замон Ворух  анклав набуд  ва нахоҳад шуд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии Пешвои муаззами  миллат хоҳони сулҳу амният  дар минтақа ҳастанд. Ва хосатан  бо ҳамсоягони худ  эҳтироми  ҳамсоядориро  болотар аз ҳама манфиатҳо медонанд. Ва ҳатто дар   вохӯрӣ бо фаъолони  вилояти Суғд таъбири халқии “Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳ”-ро мисол оварданд. Дар раванди гуфтушунидҳо   доир ба ҳалли масъалаи марзӣ  ҷониби Тоҷикистон бо дастури  бевоситаи Сарвари давлат ҳамеша таҳаммулгароиро  пеша мекарданд.

Аз соли 2013 Созмони Миллали Муттаҳид  барои барҳам додани  баҳсҳои мардумии назди марзии тоҷику қирғиз  чандин лоиҳаҳоро роҳандозӣ кард. Ба ин лоиҳа чор ноҳия -Лайлак ва Боткени Қирғизистону Ҷаббор Расулов ва Исфараи Тоҷикистон дохил гардиданд. Ин лоиҳаҳо соҳаи ҳифзи  сиҳатӣ, маориф, таъмини оби нӯшокӣ, таъсиси ҷои кор  ва барҳам задани  пайдоиши муноқишаҳои сарҳадиро дар бар мегирад. Илова бар ин  бо ташаббуси  Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру навоҳии Исфара, Бобоҷон Гафуров ва Ҷаббор Расулов  чандин чорабиниҳои муштараки  фарҳангию варзишӣ  байни тоҷикону қирғизон сурат гирифта, ҳар ду тараф дар ҷашнҳои наврӯзӣ шодишарики ҳамдигар мешуданд. Мо хоҳони сулҳем,бояд ҷангу ҷидол дар байни ин ду халқи ҳамсоя барҳам хӯрад.

Ҳомидова Р.В.

Омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ