Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд, ки дар он аз тамоми муассисаҳои олии таълимии вилоят намояндаҳо ширкат варзиданд, мегӯяд мудири кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Юсупов С.
Дар конфронси мазкур ҳамчунин намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва МИҲД-и шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.
Нахуст ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ конфронсро ифтитоҳ намуда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар самти мазкур хулосаҳои илмӣ ва тавсияҳои хешро баҳри беҳтар намудани самтҳо пешниҳод намуданд.
Сипас н.и.п., дотсент Олов С. аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзўи “Геометрияи тасвирӣ ва роҳҳои ташаккул додани лаёқатҳои эҷодкории мутахассисони ҷавон”, Шарипов Х. ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дар мавзўи “Истифодаи барномаҳои муосири компютерӣ дар таълими фанҳои техникӣ” ва Раҳимов Ҷ.Ҷ. ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ дар мавзўи “Нақши фанҳои тахассусӣ барои тайёр намудани муҳандисони соҳаи сохтмон” баромад намуданд.
Тибқи иттилои ба даст омада, аз тамоми ҷумҳурӣ ҷиҳати ширкат варзидан ба ин конфронс зиёда аз 130 мақолаи илмӣ ба унвонии комиссияи тадорукоти конфронс фиристода шудааст, ки ҳамааш дар як маҷмӯаи илмӣ гирдоварӣ гардидааст, ки зиёда аз 300 саҳифаро ташкил медиҳад.
М. Сайидзода