Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада муовини реткор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо бо омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мулоқот намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки аз ҷониби донишкада барои онҳое, ки хоҳишманди ширкат дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиро доранд, тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва он омӯзгороне, ки ба чунин донишҷӯён мусоидат менамоянд бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Профессор Умарҷонов Абдусафо таъкид намуд, ки супориши ректори донишкада дар ин самт ҳаст ва омӯзгорон бояд донишҷӯёнро дастгирӣ кунанд, чунки ширкат дар олимпиадаҳои фаннӣ ин баҳои омӯгор аст. Ҳар қадар донишҷӯ зиёд ширкат кард, ҳамон қадар омӯзгор баҳояш баланд мегардад ва ҳунараш маълум мешавад.
Зимни ҷаласа боз як қатор масъалаҳои вобаста ба илм ва инноватсия, навиштани рисолаҳои илмӣ, таҳияи монографияҳои соҳавӣ баррасӣ карда шуд, ки омӯзгорон низ озодона андешаҳои хешро иброз доштанд ва омодагии худро ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба олимпиада эълом доштанд.