Руи кор омадани аҳзоби мухталиф дар ҷомеи демократӣ падидаи нав нест. Аммо ба дараҷаи ифрот расонидани фаъолияти ҳизб ва гузашта аз ин даст ба амалҳои таррорӣ , яъне шабохун задан ситам ба ҷони худ аст.
ТТЭ ҲНИ агарчи аз номи дини мубини ислом ҳарф мезад, даст ба ошубгарӣ зада авзои муътадили сиёсиро ноҷур намуд. Донаи мақсуд ба мазраи шӯр пошидан ҳайфи умр аст. Ҳосили хуб рӯёнидан аз чунин киштзор дар гумон аст.
Дар мавриди тайёр кардани мутахасисони фанҳои техникӣ оё ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саҳме гузошт? Ба ҷузъ таълимоти динӣ ва таблиғи фарҳанги мамолики араб чизе набуд. Тоату ибодатро касе манъ накардааст ва гузашта аз ин дар ҳар маҳалли аҳолинишин дари масҷид боз аст. Эътиқодмандони дини ислом таъқиб нашудаанд. Арзи ҳастӣ намудани Донишкадаи исломӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ин арҷгузорӣ ба суннатҳои дини мубини ислом аст.
Бо вуҷуди ин пайравони ТТЭ ҲНИ бо шиору даъватҳои иғвоангез дар хориҷи кишвар аз поймол шудани ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд. Ба ришу фаши қайчи назада ва бо фаранҷии сиёҳ ба муассисаи таълимии техникӣ ворид шудани шаҳрванд барои ҷомеаи мо ҳаргиз қобили қабул нест. Одоби либоспӯшӣ тақозо мекунад, ки кас бо чеҳраи кушода тару тоза ба либоси сафеду галстук аз хона берун шавад.
Мушоҳида мекунам, ки ҷавонон тадриҷан ба олами орзуҳои худ наздик шуда, донишҳои техникиро хуб аз бар мекунанд. Бароям ин байтҳои шоир МУРОДИИ ХАТЛОНӢ писанд омад:
Пеши ноаҳлон* чӣ ҳоҷат зумраду ёқутро,
Ҳайф созад мазраи шӯр донаи мақсудро.
Мурдадилро ғусл созӣ гарчӣ бо оби ҳаёт,
Боз ҳам нопок созад ҷисми ӯ тобутро.
Оқилон аз равзани дил субҳро ёбанду, лек
Кай бубинад ҷоҳили кӯтаҳназар ҷуз дудро.
Ин ҷо ноаҳл ба маънии нолоиқ омадааст. Воқеан ҳам барои ба даст овардани сангҳои қиматбаҳои зумраду ёқут бояд лоиқ гардид. Лоиқи қалбҳои поки моломоли орзуи ҷавонӣ.
Шермат Усмонов, сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти Раёсати донишкадаи куҳӣ- металлургии Тоҷикистон