Насриддинов Замониддин Зайниддинович
номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент
Телефон: +992(3451) 5-40-40 Email: samoan@mail.ru
Соли таваллуд: 22.06.1984
Ҷои таваллуд: н. Мастчоҳ
Миллат: тоҷик
Маълумот: соли 2006 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2010 Донишкадаи сангшиносии Маскав, соли 2013 Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Руссия ба номи Серго Орҷоникидзе, соли 2014 Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
Ихтисос: Муҳандис-системотехник, муҳандис – металлург, сангшинос
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои геологӣ-минералогӣ, экперти сангҳои қиматбаҳо
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст ё не: медали “Хизмати шоиста” -2020
Дастовардҳо: Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”- 2015;
Аъзо-креспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон -2019.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд
Суроға: ш. Бӯстон
Кор ва фаъолият, собиқа:
Аз 2007-2009 Ассистенти кафедраи «Математикаи олӣ ва информатика»-и Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, 2009-2011 – роҳбари маркази бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, 2011-2013 – аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Руссия ба номи Серго Орҷоникидзе, 2013-2015 – декани факултети корҳои кӯҳӣ, номзади илмҳои геология ва минералогия, сармуаллими кафедраи «Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок»-и Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, аз 2016 то 1-уми апрели соли 2021 муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва аз 1-уми апрели соли 2021 муовини ректор оид ба таълим таъйин гардиданд.