Инсоният баъзан дучори лаҳзаҳое мешавад, ки ногаҳонист. Дирӯз бо устод Мирзомидинов Илҳом Мирзоевич суҳбат доштем ва ҳатто ҳамроҳ ҷашни Садаро таҷлил намудем, аммо имрӯз аллакай он кас дар байни мо нестанд. Қалби олими пуркор, равшанфикр ва зиёии шоиста устоди кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ, барои ҳамеша аз тапидан боз монд.
Муҳтарам Илҳом Мирзомидинов муаллифи чандин асарҳои илмӣ ва муҳовараи соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аввалин нафарест, ки фарҳанги таҷҳизотҳои мошинсозиро аз забони русӣ ба тоҷикӣ омода намудааст.
Марҳум дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар вазифаҳои декани факултет, мудири кафедра ва ғайра фаъолият намуда, то охирин лаҳзаи ҳаёташ бо шогирдон буд. Ӯ дар ин самт шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз ҳамагон аз ӯ розиянд. Мирзомидинов Илҳом номзади илмҳои техникӣ буда, ҳамин шабу рӯз фарҳанги соҳавие мехост ба дасти хонандагон супорад, ки умр вафо накард. Мирзомидинов Илҳом олиме буд, дорои фарҳанги волои инсонӣ ва аз табори мардони қавлу амал.
Равони устод Мирзомидинов шод бошад.
Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба хонаводаи устод Мирзомидинов Илҳом Мирзоевич ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли байташон сабри ҷамил мехоҳад.