ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ТЕРРОРИЗМ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд карданд, ки «терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад».

Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.

Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:

  • сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифатиҳуқуқӣ;
  • моддӣ;
  • идеологӣ;
  • хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
  • пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
  • ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
  • коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
  • хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
  • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
  • дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.

Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад. таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як «устон»-и воҳид бо номи «Хуросон» мунъакис шудаанд.

Тибқи гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (ICG) таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: Тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» «мушкили печида» барои ҳукуматҳои ин қаламрави собиқи Шӯравӣ номида шудааст.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 20 январи соли 2015 нашр шудааст, гуфта мешавад, «маргинализатсияи сиёсат ва ояндаи тираи иқтисодӣ» танҳо дар 3 соли охир тақрибан аз 2 то 4000 нафарро таҳрик додааст, «то ба ҳукуматҳои дунявии ин кишварҳои пасошӯравӣ пушт гардонда, дар созмонҳои тундгаро ягон алтернатива биҷӯянд».

Созмони «Давлати исломӣ», бино ба ин гузориш, «на фақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки ҳам онҳоеро, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон кардашуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбекистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Солҳои 90-уми асри ХХ  аксари кишварҳои дунё ҲНИТ-ро ҳамчун мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мекарданд, вале фаъолияти солҳои охири онҳо нишон дод, ки мақсади асосии ин ҳизб бегонапарастию ифротгароӣ буда, ба пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо манфиатдор нестанд. Агар онҳо хушдори тараққиёти Тољикистон мебуданд, ҳељгоҳ ба куштори абармардони миллати тољик ба монанди академик Муҳаммад Осимӣ, М.Ғуломов, Исҳоқию Сайф Раҳимзод ва дигарон даст намезаданд.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми динӣ ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Чуноне, ки аз расонаҳои  иттилоотии љаҳонӣ бар меояд солҳои охир иллати сар задании падидаҳои номатлуби хатари тафриқаандозӣ дар байни мусалмонон ва пайдошудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда дар ҳаққи давлат ва паҳн кардани ин матлаби ғаразона дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мухталиф боиси ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шомилшавии онҳо гардид ва бадбахтона љавонони тољик низ фирефтаи ин гурӯҳҳо гардиданд. Ин падидаи номатлуб ҳар як шарҳванди бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Чуноне, ки сиёсатшиносони кишвар қайд мекунанд, воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор дод, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои фурсат талаб гардидани мардум ва уламои динӣ бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли тахрибкорона буд. Дар ҳолеки худи ин гурӯҳ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месозанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИ”-ро ҳамчун ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.

              

                   Ниязова  Саломат  Каримовна 

  муаллимаи  калони  кафедраи

 иқтисодиёт  ва  идоракунӣ