Ҳамеша инсон бо ахлоқи ҳамида ва рафтори накӯяш аз дигар махлуқоти рӯйи замин фарқ мекунад ва ин як хислати хоси инсон аст. Дар сурати сарфи назар намуданаш инсон аз ҳамаи ин хислатҳо, инсонро он вақт инсон гуфтан як ғалати бузургу иштибоҳи мағзӣ ба ҳисоб меравад.
Зеро инсон маҳз бо ҳамин рафтарори оқилонаву одилонааш фарқ мекунад ва маҳз ба хотири ҳамин хислатҳояш ӯро мо инсон мешуморем. Амм ҳастанд иддае, ки ҳамчун инсон сурати инсонӣ доранду сирати инсонии худро кайҳо ба ғуломӣ додаанд ва ё худ аз байн бурдаанд.
Ба мисоли ин тоифа инсонҳо мо метавонем аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро мисол оварем, ки маҳз ба хотири пулу мол ҳуввияти инсонии хешро ба фурӯш гузоштаанд ва маҳз барои пул худро ғуломи хоҷа сохтаанд.
Бояд ба хонанда иттилоъ диҳем, ки маҳз дар солҳои 90-уми асри гузашта бо супориши Ҷумҳурии исломии Эрон аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” даст ба куштору ғоратгарӣ зада, хуни зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди кишварро рехтанд, ки ягон гуноҳе надоштанд ва ин як фоҷиаи миллӣ буд, ки аз аввал то ба охир ба ҳамин наҳзатиёни манфур даст доштанду гунаҳкоранд.
Тавре, ки полковнике дар нафақа дар мақолаи хеш роҷеъ ба ин масъала овардааст, “дар бойгониҳои Суди Олии ҶТ садҳо ҷилд парвандаҳои ҷиноятии амалишуда маҳфузанд, ки гуноҳи ТТЭ ҲНИ ва дастдории хадамоти махсуси Эронро дар содир кардани онҳо пурра исбот кардаанд. Даҳҳо актҳои террористи ба муқобили хизматчиёни ҳарби, намояндагони аҳли зиё, пайравони динҳои дигар, кормандони мақомоти давлати, ходимони ҷамъияти, шаҳрвандони хориҷи ва сокинони маҳалли аз ҷониби ин хадамот тарҳрези шуда, тавассути террористони наҳзати амали гардиданд”.
Мақсад аз овардани ин матлаб дар он аст, ки далелҳо ва пажӯҳишҳои касбиву илмӣ ва таҳқиқотҳои журналистӣ ба таври комил собит намуд, маҳза ҳамин наҳзатиёни лаин ба хотири ба даст овардани пул розӣ шудаанд ба хоҷагони хориҷӣ ва душманони миллати тоҷик хизмат кунанд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат намоянд.
Худ аз ҳамин ҷумла хонанда ба таври комил дарк намуд, ки хиёнаткорони наҳзатӣ барои пулу мол шуда арзиши инсонии худро аз даст додаанд ва қиммати инсонии хешро зери по намудаанд, ки ин рафтор танҳо ба бетарбиягону ҳайвонсифатон хост асту халос.
Тавре, ки медонем ба мо зарур омад, то даҳсолаҳо хисороти расонидани аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро барқарор намоем ва сифати зиндагиямонро беҳтар гардонем ва шукрона, ки имрӯз кишвари мо Тоҷикистони азиз дар давраи беҳтарини рушд қарор дораду сифати зиндагии мардум низ беҳтар гардидааст.
Имрӯз кишвари мо бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст, ки ин бисёр ҳам нишондиҳандаи баланд дар чанд соли охир мебошад.
Ҳамчунин ҷумҳурии мо боз бо зиёда аз 100 давлати ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор намудааст ва миёни ин кишварҳо табодули молу маҳсулот сурат мегирад, ки ин хеле нишондиҳандаи баланд мебошад.
Ёдрас мешавем, ки дар чанд соли охир аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба хориҷи кишвар паноҳ бурда, барои гумроҳ сохтани мардум ва паст намудани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош менамоянд ва мехоҳанд, ки ҳамаи ин дастовардҳои кишварро одамон нодида гиранд ва барои ҳамаи ин ҳар рӯз анқариб хабару мақолаҳои иӯвобарангезу бардурӯғро нашр менамоянд, ки барои ин амал ҳам онҳо аз хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон маблағ дарёфт мекунанд.
Ногуфта намонад, ки ҳамасола хадамоти махсуси ҶИЭ ба роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирии палид барои тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистӣ маблағ мегузаронад ва танҳо аз соли 2016 то соли 2018 ба суратҳисоби ин хоин Ҷумҳурии исломии Эрон 3 миллион доллар гузаронидааст, ки ин як порае аз воқеияти ҳол асту боз садҳо миллионҳои пинҳонӣ гузаронидашуда ин ҷо гуфта нашуданд ва ҳамаи фақат ба хотири нобуд сохтани миллат ва ба қисматҳо ҷудо намудани кишвар аст, хоинон дар нақша доранд.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди солимфикри ҷомеаро зарур меояд, ки зиракии сиёсияшро аз даст надода, фирефтаи ақидаву андешаҳои ин палидони наҳзатӣ нагардад ва талош намояд, ки ба доми ин наҳангони олами терроризм наафтад. Зеро ин хоинон идомадиҳандаи ҳамон амалҳову ҷиноятҳои террористии кишвари Афғонистон ҳастанд ва шаҳрвандон бояд барои ба чунин шароит гирифтор шудан, ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва бар зидди бадиву ноадолатӣ мубориза намоянд.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ