Имрӯз, дар як ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгор дар вилояти Суғд муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда бо Ифтихорномаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.
Дар матни ифтихорномаи мазкур чунин омадааст:Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна муовини ректор оид ба тарбия барои фаъолияти пурсамар ва софдилона дар таълиму тарбияи ҷавонон, хизматҳои бенуҷӯқсон дар соҳаи маориф, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида мешавад. Раиси ниҳоди мазкур Самизода М.С.
Ёдовар мешавем, ки Аминҷонова Мавлуда аз омӯзгорони фаъол буда, фаъолияти кории беш аз бистсола дар ин даргоҳро дорад ва месазад, ки чунин омӯзгорони собиқадар қадрдонӣ гарданд.