Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки тибқи супориши роҳбарияти донишкада, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин шаҳрвандонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина, сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Дилором, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Д. ширкат варзиданд.
Муоивни ректор Насриддинов З.З. ду нафарро имрӯз ба ҳузур пазируфтанд, ки яке Давлатова Манижа барои пайдо намудани ҷойи корӣ ва дигаре Раҷабов Шаҳзод донишҷӯ барои кӯмак барои супоридани маблағи таҳсил муроҷиат намуда буданд. Насриддинов З.З. муроҷиати ин ду нафарро муфассал бозбинӣ намуда, сипас ба масъулон дастур доданд, то дар доираи қонун дархости муроҷитакунандагон баррасӣ карда шавад.
М. Сайидзода