Қабули шаҳрвандон дар донишкада

Имрӯз дар донишкада қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо ҳамроҳии раиси Иттифоқи муттаҳидаи касаба Давлатзода Давлат, сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Комилова Хуршеда, ҳуқуқшинои донишкада, котиби Шӯрои олимон Ҷалолова Зӯҳрохон, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолидин ва декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон шаҳрвандонро ба ҳузург пазируфта, арзу шикояташонро баррасӣ намуданд.

Шаҳрвандон Ҳомидова Мавҷуда аз шаҳри Исфара, Эгамбердиев Носирҷон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Қурбонов Ҳушёршоҳ аз ноҳия Айнӣ оид ба гузашт намудан ҷиҳати супоридани шартномаи донишҷӯ, оид ба интиқоли фарзанд ва оид ба пайдо намудани ҷойи корӣ муроҷиат намуда, барои ҳалли мушкилоти хеш мусоидат пурсиданд.

Дар доираи қонунҳои амалкунанда муроҷиати шаҳрвандон тибқи ариза қонеъ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкада баргузор карда мешавад ва шаҳрвандон метавонанд, ба тариқи номнавис дар шуъбаи умумӣ ва назорат дар он ҳузур пайдо созанд.