Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ 6 нафар донишҷӯён бо волидайнашон ба ҳузур пазируфта шуданд.
Дар қабули шаҳрвандон тибқи анъана муовинони ректор, деканҳо ва ҳуқуқшиноси донишкада ширкат варзиданд.
Аз рӯйи муроҷиати донишҷӯён роҳбарияти донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ баҳри ҳалли масоили мавҷуда ба масъулон супориш доданд.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки минбаъд низ, шаҳрвандон, волидайни донишҷӯён ҳар ҳафта метавонанд дар қабули роҳбарияти донишкада номнавис шуда, ҷиҳати ҳалли масоили мавҷудаи хеш муроҷиат намоянд, то аз ҷониби роҳбарияти муассиса чораҷӯйӣ карда шавад.
М. Сайидзода