Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ширкат намуданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Раҳимова Зулфираро ба ҳузур пазируфта, ҷиҳати баррасии муроҷиати шаҳрванд ба масъулон дастур доданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали қабул шаҳрвандон ва донишҷӯён метавонанд дар рӯзҳои қаблуи шаҳрвандон худро номнавис намоянд.

М. Сайидзода