Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон тибқи ҷадвал гузашт, ки дар он ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор Қозиев К.С., сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Д., сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова М. ва декани факултети металлургия Умарҷонов А. ширкат варзиданд.
Дар қабули шаҳрвандон шаҳрванд Шодмонов Фирдавс хатмкардаи ҳамин донишкада дар масъалаи таъмин шуданаш ба ҷойи корӣ муроҷиат намуд, ки ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи ба ҷойи корӣ таъмин намудани Шодмонов Ф ба масъулон супориш доданд, то аризаи шаҳрванд аз баррасӣ карда шавад.
Ёдовар, мешавем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада ҳар ҳафта сурат мегирад ва дар он шаҳрвандон метавонанд арзу шикоят ва дархости худро бевосита ба роҳбарияти донишкада пешниҳод намоянд.
М. Сайидзода