Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз ҷонибини ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  сурат гирифт.

 

Дар қабули шаҳрвандон, ки ду нафар сокинони кишвар барои дарёфти ҷойи корӣ муроҷиат карда буданд ба ҷуз роҳбарият боз муовини ректор Қозиев Камолуддин., сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадинабону ва сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳо Муминова Дилоромхон ҳузур пайдо намуданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрвандон Абдураҳмонов Баҳриддин ва Маҳмадов Ҳамидуллоро ба ҳузур пазируфта, арзи ононро шуниданд ва  ба сардори шуъбаи кадрҳо супориш доданд, то аризаи шаҳрвандон барассӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон  ба таври ҳамешагӣ сурат мегиранд ва шаҳрвандон, волидайни донишҷӯён метавонанд  барои расонидани арзу дархости худ ба шуъбаи умумӣ ва назорат дар донишкада муроҷиат намоянд.

М. Сайидзода