Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон аз рӯйи ҷадвал сурат гирифт, ки ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ як нафар шаҳрванд Ҷалолов Айёмиддинро, ки барои таъмин намудан бо ҷойи кор муроҷита карда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар қабули шаҳрванд имрӯз сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Муминова Дилором ва сардори шуъбаи умумӣ ва назоратӣ Ҳамдамова Мадина ширкат варзиданд.
Ректори донишкада муҳатарм Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Ҷалолов Айёмиддинро хуб шунида, ба бахши кадрҳо супориш доданд, то аз рӯйи имконият аризаи шаҳрвандро баррасӣ намоянд.
М. Сайидзода